“Зани миёнсол ба ҷавонписар 400 ҳазор сомонӣ дод, ки беобрӯяш накунад”- видео

© Sputnik Женщина плачет, архивное фото
Женщина плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти ҷавони 24-сола, сокини шаҳри Истаравшан хабар дод, ки ба иттилои манбаъ бо таҳдиди паҳн намудани маълумоти беобрӯкунанда аз як зани 44-солаи ҳамшаҳрияш 400 ҳазор сомонӣ гирифтааст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати умури дохилии Суғд, ҷавонписар бо таҳдиди расондани маълумоти беобрӯкунанда дар бораи зан ба аъзои дигари оилааш ва паҳн намудани ин иттилоъ тариқи интернет тайи солҳои 2018-2020 дар маҷмуъ аз ӯ 400 ҳазор сомонӣ гирифтааст.  Ӯ зимни тамаъҷӯии ахир, ҳангоми гирифтани 100 ҳазор сомонӣ  аз зани 44-сола дастгир шудаст.

“Бо таҳдиди тавассути шабакаҳои интернетӣ паҳн намудани маълумоти беобрӯйкунандаи гӯиё бадахлоқӣ ва ё ба дигар аъзои оила расонидани чунин маълумот, гумонбаршуда дар фосилаи солҳои 2018-2020, 400 ҳазор сомонӣ гирифтааст”, - гузориш дод Шарифӣ.

Ӯ афзуд, муттаҳам охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ низ, ба зан таҳдид карда, барои паҳн накардани маълумоти бадномкунанда 100 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Аммо аз фишори тамаъҷӯиҳои давомдору беохири ҷавон, косаи сабри зан лабрез шуда билохира ба мақомоти милитсия муроҷиат кардааст.

Раёсати ВУД дар Суғд таъкид намуд, ки алайҳи  ҷавони 24-сола барои таъмаҷӯӣ ба миқдори махсусан калон ва ба даст овардани молу мулк, бар асоси моддаи 250-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Назари худи айбдоршаванда ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0