ВКД: агар ба Хӯҷа Командир даъво доред, занг занед

© © МВД РТКаримов Худжа Рахимович, Хуҷа-командир, бывший полевой командир
Каримов Худжа Рахимович, Хуҷа-командир, бывший полевой командир  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни муроҷиат ба шаҳрвандони кишвар хостори мусоидати онҳо дар парвандасозӣ алайҳи Хӯҷа Каримов, маъруф ба “Хӯҷа Командир” шудааст

 ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар иттилоияе, ки маркази матбуоти ВКД нашр кардааст, омадааст, “агар вобаста ба ҷиноятҳои содир кардаи шаҳрванд Каримов Худжа Рахимович маълумот ва далеле доред ва ё мавриди амалҳои ҷинояткоронаи ӯ қарор гирифтаед, метавонед тавассути телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21, тариқи рақамҳои 227-10-07, 93-992-01-96 ба Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД муроҷиат намоед”.

Тибқи ин иттилоия, шаҳрванд Каримов Худжа Рахимович (Хуҷа-командир) 1 октябри соли 1960 дар деҳаи Қизил-қалъа, ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст ва дар содир кардани ҷиноятҳои бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Дар ин хабар гуфта шудааст, ки Хӯҷа Каримов дар натиҷаи ҳамкориҳои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо субъектони хориҷӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дастгир карда шуда, санаи 16-уми феврали соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардид.
Самая высокая башня в мире, Бурдж-Халифа, видна за минаретом в Дубае - Sputnik Тоҷикистон
Хуҷа-командир аз боздоштгоҳи Дубай озод шуд

Қаблан як манбаъ дар вазорати корҳои дохилӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки боздошт ва истирдоди “Хӯҷа Командир” дар пайи ҳамкории мақомоти пулиси Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай сурат гирифтааст. Хӯҷа Каримов бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон аз соли 2008 ба ин сӯ дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Куштор дар қабристон: боздошти шаш "рекет"-и солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Хуросон

Хӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд, ки дар замони ҷанги дохилӣ ноҳияи Ғозималики собиқ (ҳоло Хуросон) ва навоҳии атрофи онро таҳти назорат дошт. Маҳз дар ин айём гурӯҳи силоҳбадастони ӯ даст ба ҷиноятҳои зиёд, аз қабили куштор, сирқати амвол, одамрабоӣ ва ғайра мезанад, ки ҳукумати марказиро ба ташвиш меорад ва соли 1998 ӯро дар толори Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки Каримов узваш буд, боздошт мекунанд. Аммо дере нагузашта ӯ раҳо шуд ва соли 2001 бо истифода аз нуфузи пуштибонҳои қавии худ аз пайгарди қонун ба хориҷ аз Тоҷикистон фирор кард.

© © МВД РТКаримов Худжа Рахимович, Хуҷа-командир, бывший полевой командир
ВКД: агар ба Хӯҷа Командир даъво доред, занг занед - Sputnik Тоҷикистон
Каримов Худжа Рахимович, Хуҷа-командир, бывший полевой командир

Бино ба хабарҳои мухталиф, ӯ то ин замон дар Малайзия сукунат ихтиёр карда буд. 30 июли соли равон Хӯҷа ва муҳофизу мураббии русашро мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай бо талаби мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд, аммо ба шарти берун нарафтан аз манзил раҳо шуд. Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Хӯҷа Командир дар Дубай чандин хона дорад ва ӯро борҳо дар Дубайу Шарҷа ва шаҳрҳои дигари Имороти Муттаҳидаи Араб медиданд.

Лентаи хабарҳо
0