ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар ҳавзаи Хоруғ баробари Гиёзода ҳамчунин Саодатқадам Паҳлавоншанбиев, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон ва Тагайбек Газибеков, сардухтури табобатхонаи касалиҳои дили вилоят ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба қайд гирифта шуданд, хабар додаст нашрияи “Ҷумҳурият”.
Ба иттилои манбаъ, ҳар ду номзад тариқи худпешбарӣ дар интихобот иштирок мекунанд.
Хусравбек Рақамов, котиби комиссияи ҳавзавии интихоботи вакилон дар ҳавзаи якмандатии Хоруғ рақами 41, изҳор доштааст, ки барои озоду шаффоф баргузор шудани интихобот тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ рақами 40 Қодири Қосим, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз ҲХДТ, Абдуласан Мамадасанов, сардори раёсати кишоварзии вилоят аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Раҳмиаллоҳ Нуруллоев, сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои ноҳияи Дарвоз чун номзад сабт гаштанд.
Манбаъ таъкид кардааст, айни ҳол вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон ҷараён доранд.