ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар тарабхонаи "Бадахшон" - и шаҳри Хоруғ, даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Дасторхонороӣ" ҷамъбаст гардид.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ, ҳадафи баргузории он пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба расму русуми аҷдодӣ, эҳё ва рушди таомҳои миллӣ, додани авлавият ба маҳсулоти ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ манфиатбахш, тарзи дурусти ороиши дастархон ва риояи сарфаю сариштакорӣ дар баргузории маросиму маърака арзёбӣ мегардад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар озмуни вилоятии "Дасторхонороӣ" бонувони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб ширкат варзиданд.
Дастархони ширкаткунандагонро таомҳои миллӣ, аз қабили қурутоб, шакароб, навъҳои мухталифи атола, оши бурида, оши боқило, нонҳои ҳархелаи танӯрӣ, чапотӣ, кулча, бурусоқ, ғӯзқамоч, самбӯса, шириниҳои гуногун, намудҳои меваи хушк, шарбату афшураҳои меваю сабзавот оро медод.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ, муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва ҳайати ҳакамон аз намоиши таомҳои миллӣ, маҳсули кадбонувон дидан намуда, ба маҳорат ва истеъдоди ҳар яки онҳо баҳои баланд додааст.
"Дастархони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб, ки бо таомҳои ду халқи дӯсту бародар-тоҷику қирғиз оро дода шуда буд, сазовори ҷойи аввал гардид. Ноҳияи Шуғнон дар зинаи дуюм қарор гирифта, ноҳияи Роштқалъа ҷойи сеюмро касб кард", - омадааст дар хабарнома.
Ғолибон аз ҷониби муовини раиси вилоят бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Манбаъ афзуда, ки барои ширкати фаъол бонувони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон Ишкошим ва шаҳри Хоруғ низ бо мукофот сарфароз гардиданд. Ғолибони ҷойҳои якуму дуюм дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Дасторхонороӣ”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат мекунанд.