ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба суханони Навҷувонов дар робита ба қазияи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон вокуниш нишон доданд.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, чанде қабл вазири ин ниҳод ба сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода дар робита ба гуфтаҳои генерал Навҷувонов изҳори нигаронӣ намуд.
Сардори раёсати ВУД дар вилояти Суғд генерал Абдулло Навҷувонов зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки "агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд".
Генерал Навҷувонов 2 мушкили асосии амнияту тартибот дар Суғдро гуфт
Зимнан, Абудкарим Олимбоев дар вокуниш ба ин изҳорот гуфтааст, "ман ҳам метавонам изҳор дорам, ки ҳудуди Ворух ва Чоркӯҳ пурра ба Қирғизистон рабт дорад. Аммо бояд фаҳмем, ки масъалаи қаламрав – масъалаи бисёр нозуку ҳассос аст. Ҳалли ин масъала ба тақдири ҳазорон мардуме, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, рабт мегирад."
Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, умевдоранд Душанбе ба ин масъала вокуниши муносиб мекунад ва дигар ин иттифоқ такрор намешавад.
Тоҷикистон ҳанӯз ба ин мавзуъ вокуниш накардааст.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.