Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ густариш медиҳанд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе
Пробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айни замон дар Тоҷикистон намояндагии зиёда аз 120 ширкати истеҳсолкунандагони дорувории  Ҳиндустон ба миқдори зиёда аз 1000  намуди маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз қайди давлатӣ гузарониданд

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ густариш медиҳанд. Ин масъала зимни мулоқоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх баррасӣ гардид. 

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон,  Андреас Протман, сафири Олмон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Пулу мутахассис намерасад: Убайдуллоев аз Олмон бурсияҳои бештар хост

Дар оғози мулоқот Насим Олимзода Вираҷ Сингхро барои ба вазифаи Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон таъйин гардиданаш  табрик намуда, аз ҳамкории ҳарду давлат, ки дар соҳаҳои гуногун хуб ба роҳ монда шудаанд, изҳори қаноатмандӣ кард.

"Бояд зикр намоям, ки 3 сентябри соли 2012 дар шаҳри Деҳлӣ  зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳиндустон байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некӯаҳволии  оилаи  Ҷумҳурии  Ҳиндустон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо  расид", — гуфт Насим Олимзода.

Вираҷ Сингх дар навбати худ аз истиқболи гарму самимӣ ва фароҳам овардани имконияти мусоид ҷиҳати тавсеа бахшидани ҳамкории ду давлат дар соҳаи тандурустӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Фавти 4 модар ҳангоми таваллуд дар ВМКБ ва ниёз ба 100 табиб

Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон намояндагии зиёда аз 120 ширкати истеҳсолкунандагони дорувории  Ҳиндустон ба миқдори зиёда аз 1000  намуди маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз қайди давлатӣ гузарониданд.

Ҳамасола мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ба даври омӯзишии забони англисӣ дар ин кишвар фаро гирифта мешаванд, ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонии мутахассисони тоҷик мусоидат менамояд.

Лентаи хабарҳо
0