Садамаю сӯхторҳо дар 1 сол ҷони 414 нафарро гирифтанд: гузориши ВУД

© Jan2575 / pixabayСгоревшая машина
Сгоревшая машина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар кишвар бар асари сӯхтор 23 нафар ва дар сонеҳаҳои нақлиётӣ 391 нафар ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар соли 2019 дар қаламрави Тоҷикистон 1 ҳазору 212 садама ба қайд гирифта шуд, хабар дод ВУД Тоҷикистон.

Посещение озера Сарез Генеральным секретарем ООН Антониу Гутерришем  - Sputnik Тоҷикистон
Генерал Назарзода: назорати кӯли Сарез пурзӯр мешавад

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи садамаҳо 391 нафар ба ҳалокат расида, 1314 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. ВУД таъкид намуд, ки дар муқоиса ба соли 2018 теъдоди садамаҳо 73 адад, ҳалокшудаҳо дар садама 4 нафар ва маҷруҳон 43 адад кам шудааст.

Дар мавриди сӯхтор ВУД таъкид кард, ки пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва ҳифзи молу мулки шаҳрвандон низ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

“Дар соли 2019 дар ҷумҳурӣ 1274 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, 23 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. Зарари ҳодисаҳои сӯхтор 116 миллиону 606 ҳазору 886 сомониро ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД теъдоди ҳолатҳои сӯхтор дар соли 2018-ро 1 ҳазору 296 арёзбӣ кард, ки дар қиёс ба омори соли 2019 камтар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0