ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Назаршозода Лоиқ аз 30 январи соли 2019 дар мансаби сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Шарҳи ҳол
Назаршозода Лоиқ 29 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Роштқалъа ба дунё омадааст.
Миллаташ тоҷик ва таҳсилоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо истисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Оиладор.
Собиқаи корӣ
Солҳои 1989 – 1990 коргари совхози Октябри ноҳияи Роштқалъа.
Солҳои 1990 – 1992 хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ, шаҳри Армавири ФР.
Солҳои 1992 – 1993 муаллими тайёри ҳарбии ибтидоии мактабӣ миёнаи № 81 ноҳияи Роштқалъа.
Солҳои 1993 – 1998 сариқтисодчии раёсати хоҷагии қишлоқи ноҳияи Роштқалъа.
Солҳои 1999 – 2001 иқтисодчии таваллудхонаи № 2 шаҳри Душанбе.
Солҳои 2009 – 2010 мутахассиси пешбари шӯъбаи дурнамои раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
Солҳои 2010 – 2014 сармутахассиси шӯъбаи дурнамои раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2014-2015 сармутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2015-2019 муовини сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 30 январи соли 2019 то имрӯз Сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.