"Бадтарин шаби зиндагияш буд": Манижа Давлатова дар бораи сабти намоҳанги Зулайхо

© Фото : Аккаунт в FacebookМанижа Давлат, архивное фото
Манижа Давлат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манижа Давлатова сарояндаи саршиноси тоҷик аз ҷонфидоии овозхони машҳур Зулайхо Маҳмадшоева дар роҳи ҳунар гуфтааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Манижа Давлатова дар саҳифааш дар Instagram аз сабти намоҳанги нави Зулайхо Маҳмадшоева хабар дода, гуфтааст, ки ин намоҳанг дар "бадтарин шаби зиндагӣ" - и Зулайхо сабт шудааст.

"Шабе, ки Зулайхо ин сурудро сабт кард, хеле андӯҳгин буд кӯҳи ғам дошт, хаста буд, чанд рӯзе ҳам, ки нахобида... Даркаш мекардам, чун ун шаб бадтарин шаби зиндагиш буд. Гуфтам: шояд сабтро ба рӯзҳои дигар бигзорем, гуфт: на, ман бо ҳамине, ки ҳастам меравам ва мехонам. Манам қабул кардам ва бори дигар ба ҷонфидо буданаш ба ҳунар қоил гаштам", - навиштааст Манижа.

Ахиран Зулайхо Маҳмадшоева аз сабти суруди ҷадид худ, ки таҳти унвони "Ошиқӣ дигар тамом аст" хабар дод, ки оҳанги онро Манижа Давлатова эҷод кардааст.

Ба гуфти Зулайхо ин суруд, таҳти унвони "Ошиқӣ дигар тамом аст",  бояд дар остонаи Соли нави 2020 нашр мешуд, вале ба далели як мушкилӣ сабти он ба таъхир гузошта шуд ва инак вақти нашри он расид.

Зулайхо пештар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки Манижа Давлатова устодаш дар ҷодаи ҳунар аст.

Писари Зулайхо Маҳмадшоева дар дасти Манижа Давлатова - акс

"Ман Манижа Давлатро аз хурдӣ дӯст медораму пайрави сабки ӯ будам. Имрӯзҳо низ бо Манижа ҳамкорӣ дорам. Ӯ бароям оҳанг менависад, ман бошам иҷро мекунам".

Лентаи хабарҳо
0