"Дарди он рӯзҳо фаромӯш намешавад": Файзов дар бораи ҷанги 10-солаи ИҶШС дар Афғонистон

Обуна шудан
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов гуфт рӯзи бозгашти артиши ИҶШС аз Афғонистон дар қалби ҳар яки мо чун рӯзи фаромӯшнашаванда нақш бастааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Ёдгор Файзов ба ифтихори 31 умин солгарди бозгашти ҳайҳати маҳдуди Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон, собиқадоронро табрик кардааст.

Ӯ гуфтааст, рӯзи 15 феврал дар саҳафоти китоби таърих чун рӯзи бозгашти Қӯшунҳои Ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон ба Ватан бо хатҳои зарҳалин сабт гардидааст. Инак аз ин санаи таърихӣ 31 сол мегузарад, вале он дар қалби ҳар яки мо чун рӯзи фаромӯшнашаванда нақш бастааст. Дарду доғ, воқеоту печидагиҳои он ҳаводиси пурмуфаҷо аз ёдҳои он нафароне, ки дар иҷрои вазифаву супоришҳои Ватан ҷон бозиҳо намудаанд, фаромӯш намешавад.

Мужчина вернулся с войны в Афганистане спустя 30 лет - Sputnik Тоҷикистон
Бозгашт аз ҷанги Афғонистон баъди 30 сол ё чигуна Геннадий Некмамад шуд (НАВОР)

Бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо Файзов афзуда, ки он лаҳзаҳои фоҷиабор аз лавҳи хотири зиёда аз 13 ҳазор модарону ҷигарбандони он ҷавонони навраста аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар хоки Афғонистон дар муҳорибаҳои хунин ҷонро ба ҷонофарин супурданд ва барои беш аз 1 миллион шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар ҳодисоти Афғонистон иштирокчии бевосита буданд, заррае ҳам зудуда нахоҳад шуд.

Рӯзи 25 декабри соли 1979 қӯшунҳои маҳдуди Шӯравӣ бо дархосту талаби Ҳукумати онвақтаи давлати Афғонистон дохили қаламрави ин кишвар гардидаанд. Нерӯҳои Шӯравӣ пурра ба амалиётҳои ҷангӣ кашидашуда ва дар саросари Афғонистон амалиётҳои шаддиди ҷангӣ муддати 10 сол идома ёфтанд.

Рӯзи 15 феврали соли 1989 бошад, қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз қаламрави Афғонистон пурра бароварда шуданд.

Беш аз 200 000 сарбозони Шӯравӣ барои иҷрои вазифаи интернасионалӣ дар хоки Афғонистон бо ордену медалҳо қадрдонӣ гардида, 71 нафар ба унвони олии "Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ" сарафроз гаштанд.

Файзов ба собиқадорон барои хизмати содиқона ба Ватан ва дастгирии сиёсати давлат изҳори сипос намуда, 31-умин солгарди аз хоки Афғонистон берун шудани Қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравиро барояшон муборакбод гуфтааст.

"Ба Шумо тани сиҳат, рӯзгори осуда ва дар фаъолияти минбаъдаатон муваффақиятҳои беназир орзумандам. Итминон дорам, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя Тоҷикистону Афғонистон баҳри рушди ҳамаҷониба боз ҳам густариш хоҳанд ёфт", - гуфтааст Ёдгор Файзов.

Лентаи хабарҳо
0