Эълони озмун барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ

CC0 / pxfuel / Блокнот с перьевой ручкой
Блокнот с перьевой ручкой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба озмун кормандони васоити ахбори омма, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, камаш панҷ сол ба аъзогӣ шомил ҳастанд ва дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият доранд ё аз нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ дар вилоят намояндагӣ мекунанд, метавонанд ширкат варзанд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Раёсати вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тибқи қарори Раиси вилояти Суғд, барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон менамояд.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, ба озмун бояд маводи муаллиф (муаллифон), ки дар ҷанрҳои очерк, публитсистика, мақолаҳои таҳлилӣ ва ҷанрҳои бадеӣ, аз ҷумла силсилаи ҳикояву ҳаҷвияҳо, ҳазлу мутоиба дар матбуоти даврии қаламрави вилоят ва  ҷумҳурӣ дар соли 2019-ум чоп шудаанд, пешниҳод карда шаванд.

Девушки таджички на отдыхе в парке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълони озмун: ҷавонони бо шуҷоат ва ҷавонмард қадрдонӣ мешаванд

Манбаъ атъкид кардааст, ки маводи журналистоне, ки дар озмуни вилоятии рӯзноманигорон таҳти унвони "Хомаи созанда – 2019" пешниҳод шуда, ғолиб дониста нашудааст, барои баррасӣ қабул карда намешавад.

Барои ширкат дар озмуни вилоятии журналистон бояд ба созмони аввалияи журналистӣ бо ариза муроҷиат намуд. Котибони созмонҳои ибтидоӣ баъди баррасии масъала дар маҷлиси созмони аввалияи рӯзноманигорон қарори дахлдор қабул карда, бо мактуби расмӣ ба номи раиси созмони вилоятиии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пешниҳод мекунанд.

Дар ин замина, ҳамчунин камаш 10 маводи беҳтарин (нусхаи аслии дар нашрия чопшуда), ариза ва шарҳи ҳоли мухтасари ширкаткунанда, хислатнома аз ҷои кор, агар нафақагир бошад, аз созмони аввалияи журналистонро, бояд то 1-уми марти соли 2020, соати 17.00 ба Раёсати созмони вилоятии ИҶ Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд супорид.

Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо 1-уми марти соли 2020 муайян шудааст.

Таъкид мешавад, аризае, ки баъди ин мӯҳлат ворид мегардад, қабул ва баррасӣ намешавад.

Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ дар рӯзи таҷлили ҷашни матбуоти тоҷик ба ғолибони  озмун супурда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0