Хонандаи синфи 7 гумонбар дар дуздӣ аз дохили "Мерседес"

© Sputnik / СтрингерТаджикские денежные знаки Сомони
Таджикские денежные знаки Сомони - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
5-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи “Мерседес-Спринтер" 300 сомонӣ дуздида, пинҳон шудаанд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон менависад, ки дар шаҳри Ваҳдат хонандаи синфи 7 ба дуздии пул муттаҳам мешавад.

Водитель за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: хонандаи синфи 3-юм ду мошин дуздид

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 28-солаи сокини кӯчаи Хуросони ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки санаи 5-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Спринтер”, ки дар назди хани истиқоматиаш беназорат гузошта шуда буд, 6 ҳазору 300 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғи 14-сола, хонандаи синфи 7-уми МТМУ, сокини кӯчаи Шарифзодаи шаҳри мазкур бо гумони дуздӣ, дастгир карда шуд.

Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг, бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир гардид.

Зани 20-сола муттаҳам ба дуздии беш аз 24 ҳазор сомонӣ аз дохили ошхона дар ноҳияи Айнӣ
Номбурда, санаи 28-уми январи соли 2020, тахминан соати 07:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 21-солаи сокини кӯчаи Матросови ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 3 ҳазору 480 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-50”, ки арзишаш 2 ҳазору 150 сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Милитсияи Душанбе ду ҳодисаи дуздиро ошкор кард

Зарари расонидашуда 5 ҳазору 630 сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0