ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Салимзода гуфт, яке аз василаҳои вуруди таблеткаҳои синтетикию психотропӣ ба Тоҷикистон ин тариқи мошинҳое мебошад, ки аз кишварҳои назди Балтика ба ҷумҳурӣ оварда мешаванд. Ба гуфтаи Салимзода, нархи чунин таблеткаҳо дар Тоҷикистон тариқи яклухт аз 20 то 25 доллари амрикоӣ ва дар бозори чакана аз 300 сомонӣ боло мебошад.
“Маводи синтетикиро дар мошинҳои қаблан истифодашуда, ки тариқи Прибалтика ба Тоҷикистон оварда мешаванд, пинҳон мекунанд. Мо соли гузашта чунин як ҳолатро муайян кардем ва 5 ҳазору 15 адад таблеткаҳоро мусодира намудем”, - изҳор дошт раиси Ожонси назорати маводи нашъаовар.
Ӯ гуфт, бародари як сокини Истаравшан, ки дар кишварҳои назди Балтика будааст, дар мошинҳо таблеткаҳоро пинҳон мекарду ин ҷо бародари дигараш гирифта, паҳн менамуд.
Боздошти гуруҳи духтарони 18 то 21-сола дар Душанбе
Ба гуфтаи Салимзода баъди ду хариди озмоишӣ дастандаркоронро боздошт намуда, беш аз 5 ҳазор таблеткаро мусодира кардаанд. Генерал тавзеҳ дод, ки экстазӣ аз Аврупо, аз ҷумла аз Рига ба Русия ва сипас ба Суғд мерасаду то Душанбе ва Бадахшон паҳн мешавад.
Раиси Ожонс хабар дод, ки моҳи январ дар Душанбе гуруҳи чорнафарии духтарони соли таваллудашон 1999 то 2001-ро боздошт кардаанд, ки ба фурӯши таблеткаҳои синтетикию психотропии MDMA, ё худ экстазӣ дар пойтахт машғул будаанд. Ӯ афзуд, ҳоло таҳқиқ идома дорад ва муайян хоҳад шуд, ки ин маводро аз куҷо дастрас мекардаанд.