ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон яккачини кишвар Қувайтро бо ҳисоби 4:2 мағлуб сохт, ки ин сеюмин бозии дӯстонааш бо пирӯзӣ дар сафар анҷом ёфт.
Се голи мунтахаби кишварро дар ин дидори дӯстона Баҳодур Хоҷаев, Умед Қузиев ва Собирҷон Гуляков ба ҳадаф расонида, голи чорумро қувейтиҳо худашон ба дарвозаашон задаанд
Мунтахаби кишвар қаблан яккачини Малайзияро бо ҳисоби 4:0 ва Арабистони Саудиро 2:1 шикаст дод.
Федератсияи футбол мегӯяд, мунтахаби кишвар ҳамакнун баъди анҷоми бозиҳои дӯстона ба Душанбе бармегардад ва барои ширкат дар мусобиқоти Осиё-2020 омодагӣ мегирад.
Дар ин бозиҳо яккачини кишварро муттахасиси гурҷӣ Александ Дзабирадзе роҳбарӣ мекард.
Ҳайати тими миллии кишвар аз ин қабил аст:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов (“Фарватер”, Қирғизистон), Муродулло Алиқулов (“Соро компания”).
Бозигарони майдон: Файзали Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов (“Фарватер”, Қирғизистон), Рустам Ҳамидов, Умед Қузиев (“Спартак”, Қирғизистон), Дилшод Саломов, Шавқат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев, Раҳмонали Шарипов, Собирҷон Гуляков (“Сипар”), Қувватбек Равшанбеков (“Помир”).
Тибқи қуръакашӣ яккачини кишвар дар ҷоми Осиё-2020 бо тимҳои Туркманистон, Ветнам, Умон дидор хоҳад кард, ки замони баргузории он бинобар паҳнавии бемории "коронавирус" ба муҳлати номуаян гузошта шудааст.
Панҷ ғолиби мусобиқоти ҷоми Осиё-2020 барои ширкат дар нуҳумин мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба футзал, ки 12 сентябр дар Литва доир мешавад, роҳхат хоҳад гирифт.