ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. German Design Award, ки аз маъруфтарин ҷоизаҳо дар бахши тарроҳӣ дониста шудааст, дар соли равон ба Ҷамоатхона ва маркази исмоилия дар шаҳри Хоруғ сазовор дониста шудаст, хабар додаст сомонаи расмии ин ҷоиза.
Тарроҳии Маркази исмоилияи Хоруғ аз меъмории хоси минтақа сарчашма гирифта, бахши нисбатан ҷолиб сутунҳои чӯбии баланд арзёбӣ шудаанд, ки дар давоми дарахтони хиёбон хеле ҷаззоб омада, боми ҷамоатхонаро нигоҳ медоранд. Манбаъ таъкид кардаст, ки ҷамоатхона бо мавод, санъати меъморӣ ва шеваи сохтмони маҳаллӣ бунёд шудааст.
Намоз бо ҷамоат, пиёда ба кор: 6 хислати хоси раиси ВМКБ дар 5 моҳи роҳбарӣ - акс
Санги асоси ҷамоатхона, ки 1,3 гектарро фаро гирифтааст, соли 2008 гузошта шуда, он охири соли 2018 мавриди истифода қарор гирифт. Марказ аз се бахш – намозхона барои 1500 нафар, қисми маъмурӣ ва толори иҷтимоӣ барои 450 нафар иборат мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 15 миллион доллар арзёбӣ шуда буд.
Оқохони IV, имоми исмоилиёни ҷаҳон дар маросими гузоштани санги асоси ҷамоатхона дар Хоруғ изҳор дошта буд, ки ин марказ дар партави арзишҳои тағйирёбанда ва гуногунии андешаҳо, аз ҷумла динӣ бояд ба муттаҳидӣ барои даст ёфтан ба ҳусни тафоҳум ва суббот дар минтақа мусоидат кунад.