ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Сарояндаи машҳури Узбакистон ва акнун ҳоҷибибӣ Юлдуз Усмонова аз толори консерт як зани кӯдакдорро берун кардаст. Ҳодисаи мазкур дар маросими муаррифии албоми нави духтари Юлдуз, Нилуфар Усмонова рух додааст.
Юлдуз Усмонова як таронаашро бо тарҷумаи тоҷикӣ ба духтараш тақдим кард
Пас аз чунин шеваи дархости Юлдуз аз зани тамошобин, як қисме аз ҷамъомадагон каф кӯбиданд ва қисмати дигаре бо тамасхур хандиданд. Аммо, пас аз роҳ ёфтани ин навор ба шабакаҳои иҷтимоӣ, он боиси норизогии корбарон гардид. Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рафтори сарояндаи узбакро зишту дағал арзёбӣ намуданд.
Вале сафи нафароне, ки рафтори Юлдуз писанди онҳо гардида буд, низ кам нестанд. Зимнан миёни коштаҳои корбарон, чанд нафар навиштаанд, ки кӯдаки гирён набераи Юлдуз будааст.