ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Ду ширкати таҳиякунандаи ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон ба ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод ирсол кардааанд, ки зоиринашон пеш аз сафар ба Макка аз шаҳрҳои Самарқанд, Тошканд ва Бухорои дидан намоянд.
Дар ин бора Музаффар Комилов, муовини раиси Кумитаи дин ин кишвар ба Sputnik Узбакистон иттилоъ додааст.
Музаффар Комилов аз ин ширкатҳоро ном нагирифта, гуфтааст, барои таҳияи сафари “Умра+” мактуб гирифтаанд: "Чунин мактуб дар бораи таҳияи сафари зоирини тоҷик ба шаҳрҳои Самарқанд, Тошканд ва Бухоро буд".
Номбурда гуфтааст, аз ҷониби ҳукуматаш чунин пешниҳод хуб қабул шуда, ҳоло роҳҳои амалисозии ин пешниҳодро меандешанд.
Комилов қайд кардааст, ки ин масъала, пеш аз ҳама, бо назардошти манфиатҳои мардуми Ӯзбекистон ҳал карда хоҳад шуд.
Ҳаҷи умра: истифодаи “ашхоси манфиатхоҳ” аз боварии мардум ё монополия?
Ёдовар мешавем қаблан Кумитаи динини Тоҷикистон гуфт, ваколати ташкил ва танзими ҳаҷҷи умра ҳаққи истисноии ин ниҳод аст, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон гирифтааст ва азбаски худи Кумита бо ин кор машғул нест, ин ҳақро ба ду ширкати ватанӣ – "Расул сохтмон" ва "Ормон" вогузоштааст.
Ба гуфти афроди огоҳ ин иҷозаро чанд сол аст, ки танҳо ин ду ширкати сайёҳӯ доранд ва ширкатҳои дигар бо вуҷуди талошҳои зиёд ҳанӯз натавонистаанд ин ҳақро ба даст оранд.
Дар Тоҷикистон нархи ҳаҷҷи умра барои як нафар аз 17 то 20 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.