Нақшаи андоз чаро иҷро нашуд? Шарҳи раиси Кумитаи андоз

© Sputnik / Амир ИсаевВывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини Кумитаи андоз ахиран зимни нишасти матбуотӣ эълон намуданд, ки нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар соли 2019 пурра иҷро нашудааст ва ба буҷети кишвар 450 миллион сомонӣ камтар ворид шудааст

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Масъулини Кумитаи андоз имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе таъкид доштанд, ки новобаста аз чораҳои зиёди аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда, дар соли 2019 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 96,1 дарсад таъмин гардидааст.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси иқтисоди рақамӣ, андоз, таъмини мардум бо кор ва нақшаи Ҳукумат дар соли 2020

Ба гуфтаи мақомоти андози кишвар дар соли 2019 ба буҷети давлат 11 милиард 120 миллион сомонӣ ворид карда шуд.

Ин нишондиҳанда нисбат ба он нишондиҳандае, ки пешбинишуда буд 450 миллион сомонӣ камтар аст. Аммо ин рақам нисбат ба маблағҳои дар соли 2018 ба буҷет воридшуда буд ба андозаи 600 миллион сомонӣ зиёдтар аст.

“Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ВМКБ ба андозаи 106,1 дарсад, вилояти Хатлон 100,0 дарсад, вилояти Суғд 100 дарсад, шаҳри Душанбе 100,9 дарсад ва нозироти андозсупорандагони калон, ки воридоти маблағҳо аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шуда буд 67 дарсад таъмин карда шуд”, - зикр доштанд масъулини Кумитаи андоз.

Ҳамзамон масъулини Кумитаи андоз чанд илати иҷро нашудани нақшаи воридоти андозҳоро номбар кард.

Сабаби аввал, ин нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандии субъектҳои соҳибкорӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ва аз ҷониби кормандони мақомоти андоз дар сатҳи зарурӣ таъмин накардани иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ будааст.

Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қарзи андоз дар вилояти Хатлон ба беш аз 176 миллион сомонӣ расид

Инчунин, вобаста ба кам гардидан ва ё нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар корхонаҳои калон ва ширкатҳои мобилӣ, бо сабаби дар бозори ҷаҳонӣ паст шудани нархи баъзе ашё ва молҳои ба содирот нигаронидашуда ва вобаста ба ин кам гирифтани даромад аз ҷониби якчанд корхонаҳои калони саноатӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон ба буҷет нисбат ба нақшаи тасдиқшуда зиёда аз 516 миллион сомонӣ маблағҳо ворид нагардид, аз ҷумла аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ 432 миллион сомонӣ ворид нагаштааст.  

Сабаби дигари таъмин нагардидани иҷрои қисми даромади буҷет ба он вобастаааст, ки дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 маблағҳо аз ҳисоби санҷишҳои маҷмуии андоз ҳисобшуда, бо назардошти дар доираи қонунгузорӣ дар бораи мораторий ба танзим дароварда шудани санҷишҳо дар соҳаи истеҳсолӣ 210 миллион сомнӣ кам шуд.

Лентаи хабарҳо
0