Кумитаи занон: Нилуфар Раҷабова ба мо муроҷиат накардааст, мо худамон занг задем

© МВД РТНилуфар Раджабова дочь Рахматуллои Раджаб члена ПИВТ
Нилуфар Раджабова дочь Рахматуллои Раджаб члена ПИВТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабоҳат Мамадаминова мегӯяд, "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" дар Тоҷикистон омадааст, ки шахсони воқеию ҳуқуқие, ки новобаста аз шакли моликияташон агар ба фарҳанги миллӣ аз ҷумла забон, либос эҳтиром ва арҷ нагузоранд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, Нилуфар Раҷабова, духтари узви зиндонии ҲНИТ (маманӯъ дар қаламрави Тоҷикистон) Раҳматуллои Раҷаб ва хоҳари рӯзноманигори Шуҳрати Раҳматулло ба ин ниҳод муроҷиат накардааст.

Нилуфар Раджабова дочь Рахматуллои Раджаб члена ПИВТ - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи ВКД: Нилуфар Раҷабова ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Сабоҳат Мамадаминова, мудири бахши иттилооти ин ниҳод зимни нишасти матбуотии Кумита ба хабарнигорон гуфт: “Муттаасифона Нилуфаре, ки дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ овоз баланд кард, ба мо муроҷиат накардааст ва  шахсан ман худам телефонӣ бо он нафар дар тамос шудам, лекин ба Кумита ташриф наовардаанд”.

Хонум Мамадаминова мегӯяд, дар моддаҳои 14 ва 15-и Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" дар Тоҷикистон омадааст, ки шахсони воқеию ҳуқуқие, ки новобаста аз шакли моликияташон, агар ба фарҳанги миллӣ аз ҷумла забон, либос эҳтиром ва арҷ нагузоранд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Номбурда гуфт, аз ҷониби Кумита имрӯз корҳои фаҳмондадиҳие, сурат мегирад, ки ҳадафаш тарғиби либоси миллӣ фарҳанги миллӣ ва эҳтирому арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ аст.

Рынок в Ташкенте. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи занон: ҳадафи мо танҳо мубориза бо сатру ҳиҷоб нест

Ёдрас мешавем, ки Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва хоҳари Шуҳрати Раҳматулло, як журналисти тоҷики муқими Аврупо қаблан шикоят карда буд, ки рӯзи шанбеи 14 декабр, ӯ ва 4 зани дигари ҳиҷобпӯшро мақомот аз роҳ дошта, ба ШВКД-2-и ноҳияи Сино бурдаанд ва вай дар онҷо дар тӯли чандин соат таҳти таҳқиру азият қарораш додаанд.

Нилуфар Раҷабова вобаста ба ин қазия ба Додситонии олии Тоҷикистон шикоят бурд, аммо санаи 18-уми декабр Суди ноҳияи Синои пойтахт ӯро дар пайи шикояти Раъно Абдуллоева, мудири шуъбаи кор бо занони ноҳияи Синои 550 сомонӣ ҷарима баст. Хонум Нилуфар, бо норизоӣ аз ин ҳукм ба Додгоҳи шаҳрии Душанбе шикояти касатсионӣ бурд, аммо додгоҳ онро бетағйир боқӣ монд.

Лентаи хабарҳо
0