Гилаи мардҳои тоҷик аз хушдоманҳои худ : "ба ҳаёти оилавии мо мудохила мекунанд"

CC0 / Pixabay / Депрессия
Депрессия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давоми як соли гузашта, ҳудуди 198 нафар мардҳои тоҷик бо шиква аз он ки хушдоманҳои онҳо ба ҳаёти шахсияшон мудохила мекунанд, ба Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиат намудаанд

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Ҳилолбӣ Қурбонзода Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд, шумораи мардҳое, ки аз дахолати хушдоманҳои худ ба ҳаёти оилавияшон шиква мекунанд, рӯ ба афзоиш аст.

Раиси тозатаъини кумитаи мазкур имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки "198 мард бо аризаи шикоятӣ ба ниҳоди онҳо муроҷиат намудаанд".

"Мардҳои тоҷик дар баробари шиква кардан аз мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамзамон аз хушдоманҳои худ низ зиёд шикоят мекунанд", - афзудааст Ҳилолбӣ Қурбонзода.

Ба гуфтаи ӯ, мардҳо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар аксар маврид хушдоманҳо боиси пошхӯрии оила мешаванд, чун зиёд ба ҳаёти оилавӣ мудохила мекунанд.

Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хушдоман барои ба худкушӣ расонидани келинаш паси панҷара рафт

Зимнан, Раиси нави Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд, дар як соли гузашта ба кумитаи мазкур 13 317 нафар муроҷиат намуданд, ки аз ин миён 6235 нафари онҳо занон ва 940 нафари дигарро мардҳо ташкил додаанд.

Келинам зани хуб буд: нақли хусуру хушдоман аз ҳодисаи куштори арӯсаке дар Истаравшан

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар соли сипаришуда, ҳудуди 2,3 ҳазор ҳолати аз ҳам ҷудо шудани оилаҳо сабт гардидааст, ки ин адад дар муқоиса ба соли 2018 528 ҳолат бештар аст.

Лентаи хабарҳо
0