ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Нашрияи Travel and Leisure феҳрасти самтҳои гардишгарии номаълумро тартиб додааст.
Нашрия феҳристро дар натиҷаи таҳлили маводи ширкати гардишгарии Intrepid Travel гирд овардааст. Коршиносони соҳаи сайёҳӣ рӯйхати солонаи маконҳои номаълум ва камтар боздидшавандаро тартиб додаанд, то сайёҳоне, ки бехабаранд, огоҳ шаванд.
"Тоҷикистон дар омӯхтани Роҳи абрешим муҳим аст ва яке аз хусусиятҳои беҳтарини ин кишвар, нигоҳ доштани лиқои пештарааш аст, ки ба сайёҳон имконияти пайдо кардани чизеро медиҳад, ки мекофтанд", - навиштаанд рӯзноманигорони нашрия.
Ба рӯйхати мазкур водиҳои регзори назадикии Саҳрои Кабир дар Марокаш ворид шуданд. Бо сабабҳои номаълум, ҷазираи калонтаирни дунё Гренландия низ аз диққати сайёҳон дур мондааст.
Ба Гамдия, кишвари африқоӣ низ нисбат ба дигар кишварҳои ин митнтақа гардишгарон кам сафар мекардаанд. Молдова, Камбоҷа, Судон ва Индонезия низ дар феҳристи мазкур қарор доранлд.