ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Султонзода Сулаймон, роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, гуфт дар соли сипаришуда кормандони ниҳодаш даст ба фасодкорӣ назадаанд ва миёни онҳо дузанагӣ ошкор нашудааст.
Ҳамзамон, вай қайд кард, ки дар соли гузашта 137 ҳолати вайронкунии талаботи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ба қайд гирифта шудааст, ки дар 10 ҳолати он аз ҷониби шахсони мансабдор содир гардидаанд.
Аммо Султонзода Сулаймон бо сабаби дар даст надоштани маълумоти мушаххас ному насаби мансабдорони қонуншиканро ошкор накард.
Инчунин, Султонзода қайд кард, ки дар соли сипаришуда аз ҷониби мутахассисони Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 1102 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида шудааст, ки 684,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардаанд.
“Аз миқдори маблағҳои зикршуда 280 миллион сомонӣ ё 40,9 дарсадаш барқарор гардидааст, ки 72,6 миллионаш ба буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 207,3 миллионаш ба ташкилоту муасисаҳо рост меояд. Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Ожонсӣ дар ин давра 2154 ҷинояти коррупсиониро ошкор кардаанд, ки 644 адади он ба гуруҳи ҷинояти вазнин шомил мебошад, — таъкид дошт Султонзода Сулаймон, роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.