ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Мурғоби ноҳияи Мурғоб ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, ки дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди деҳаи Мурғоби ноҳияи Мурғоб автомашинаи тамғаи “Митсубиси-Паҷеро”, таҳти идораи ронандаи 32-солаи сокини деҳаи Бердибек бо гумони шикори ғайриқонунӣ боздошт карда шуд.
Тоҷикистониён аз шикори ғурм ба дасти хориҷиҳо хашмгин шуданд
"Дар вақти азназаргузаронии автомашинаи мазкур, аз дохили бағоҷ 27 килову 15 грамм гушти гӯсфанди “Марко-Поло” дарёфт ва мусодира карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки муайян карда шудааст, ки гӯшти гирифташуда ба мусофири автомашинаи мазкур марди 36-солаи сокини деҳаи Мурғоб тааллуқ доштааст.
Ин ниҳод зарари расонидашуда 232 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Мақомоти мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.