Инфиҷор дар донишгоҳи Кобул: чанд тан кушта шуданд

© AFP 2023 / -Афганские солдаты на дороге после теракта-самоубийства возле военной академии маршала Фахима в Кабуле
Афганские солдаты на дороге после теракта-самоубийства возле военной академии маршала Фахима в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷаи таркиш, се низомии афғон ва ду сокини осоишта кушта шуданд. Гуфта мешавад, 11 нафар маҷрӯҳ низ гардиданд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Расонаҳои Афғонистон аз ҳодисаи инфиҷор дар наздикии донишгоҳи низомии Кобул хабар медиҳанд.

 Бино бар маълумоти пешакӣ, таркиш дар даромадгоҳи асосии Донишгоҳи миллии мудофиаи ба номи маршал Фаҳим рух додааст. Гуфта мешавад, дар натиҷа 5 тан ҳалок ва 11 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Академик Бободжан Гафуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дайн пеши Ғафуров ё моҷарои чопи “Тоҷикон” дар Кобул - қисми 2

Миёни қурбониён се низомии афғон ва ду сокини осоишта номбар мешаванд. Ҳамчунин, миёни осеббардоштагон низ сокинони осоишта будаанд.

"Барои ба даст оварданаш даҳ бор мерам": Истиқболи гарм аз чопи “Тоҷикон” дар Кобул

Дар ҳамин ҳол, намояндаи ВКД Нусрат Раҳимӣ хабар додааст, ки дар натиҷаи ҳодиса чанд сокини осоишта кушта шудаанд. Гуфта мешавад, инфиҷорро террористи интиҳорӣ ба амал овардааст.

Масъулияти ҳодисаро гурӯҳе ба дӯш нагирифтааст.

Охирҳои моҳи январ хабар дода шуд, ки ҷангиёни ҳаракати радикалии "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) яке аз минтақаҳои музофоти Қундузро ба муҳосира гирифтанд, ки дар марз бо Тоҷикистон қарор дорад. 

Ҳамла шаби 28 ба 29 январ сурат гирифтааст.

Пламя из правительственного здания после взрыва и нападения боевиков в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши шумори қурбониёни ҳамлаи террористии рӯзи гузашта дар Кобул

Бино бар иттилои мақомоти маҳаллӣ, "Толибон" дар маркази минтақаи Дашти Арча ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарафтоданд.

Дар пайи тирпарронӣ байни толибон ва мақомот 12 низомӣ ва кормандони полис ҳалок шудаанд. Ҳамчунин, 4 полис ва 8 низомӣ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Бино бар иттилои мақомоти расмии Қундуз, 3 низомии дигар бедарак шудаанд.

Ёдрас мешавем, дар Афғонистон муҳорибаи шадиди толибон ва ҳукумат идома дорад. Гурӯҳи радикалӣ қисми калони деҳаҳои Афғонистонро таҳти нуфузи худ қарор дода, ба шаҳрҳои калон ҳуҷум мекунад.

Ҳамчунин, дар кишвар нуфузи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" зиёд мешавад.

Лентаи хабарҳо
0