Рэпсарои муҳоҷири тоҷик дар бораи бурду бохт: агар Русия намебуд, мардум куҷо мерафт?

© Sputnik / Стас ЭтвешАмир Мамадамбаров
Амир Мамадамбаров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рэпсарои ҷавони тоҷик Амир Мамадамбаров дар бораи зиндагии шахсӣ, муҳоҷират, консертҳои хайриявӣ, ҳунарнамоӣ дар тӯйҳо ва нақшаи ташкили маркази продюсерии худ гуфт

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Амир Мамадамбаров ки ҳашт сол боз мавсиман дар Русия кору фаъолият мекунад ва миёни ҳаводорони хип-хоп чун M.Amir шинохта шудааст, дар ҳошиаи консерти хайриявиаш дар  Маскав, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, беҳтар аст дар Ватан “рақами як” бошӣ, аз оне, ки дар кишвари бегона "охирон".

Консерти хайриявии рэпсароёни Бадахшон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Консерти хайриявии рэпсароёни Бадахшон дар Маскав - гузориши аксӣ

Рэп дар дили ман

Амир Мамадамбаров аз овони худрӣ ба рэпсароӣ шавқ дошт. Ҳанӯз дар мактаб ӯ мантҳо эҷод мекард ва аз соли 2005 онҳоро ба таври рэп месароид.

"Он замон мусиқӣ шуғли дӯстдоштаам буд. Вале аз соли 2015 инҷониб ман ҳунарро чун роҳи зиндагии худ интихоб кардам, чун дарк намудам, ин корест, ки ман метавонам”, - гуфт Амир.

Овозхон мегӯяд, дар роҳи мусиқӣ ӯро аҳли хонавода ва бахусус дӯстон дастгирӣ мекунанд.

"То имрӯз дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар Хоруғу Маскав студияҳо ҳастанд, ки сурудҳои маро бепул сабт мекунанд. Ин дӯстони ман ҳастанд. Онҳо мегӯянд ту фақат сарой. Ман сарпараст надорам, фақат дӯстон ба ман кумакмекунанд”.

Амир дар сурудҳояш аз ишқу муҳаббат, одамгарӣ ва бародарию ватандӯстӣ месарояд.

То имрӯз Амир се албоми худро нашр кардааст. Сурудҳое чун "Тарка" (Ба куҷо), "Мне мало тебя" (Ту бароям камӣ), "My Pamir" (Помир ман), "Лап хах зарум уз" (Ман бисёр дурам) ва ғайраҳо имрӯзҳо вирди забони мухлисонаш гаштааст.

Зиндагӣ дар Русия мушкил шудааст

Амир чун дигар ҷавонони тоҷик Русияро ҳамчун кишвари имкониятҳо дарёфтааст, вале дар баробари ин ӯ намехоҳад чун рэпсарои русзабон фаъолияти ҳунарии худро дар қаламрави Русия пеш барад.

Сино Зоолшоев - Sputnik Тоҷикистон
Офарин ба таҳаммулпазирии мардуми рус: суҳбати Сино, овозхони тоҷики муқими Русия

Ӯ аз авохири соли 2012 инҷониб мавсимӣ ҳар сол фаслҳои сармо ба Русия меояд, барномаҳои консертӣ баргузор мекунад ва дар мавсими баҳору тобистон боз ба Тоҷикистон бармегардад. Ӯ мегӯяд гарчанде дар Русия имконияти рушд бештар аст, фикр мекунад, ки дар Ватан “рақами як” будан беҳтар аст.

"Дар Хоруғ ман мухлисони зиёде дорам, ин ҷо ман худро гум мекунам.  Албатта имконияти рушд кардан ин ҷо зиёд ҳаст, вале дар ватан туро бештар қадр мекунанд. Вақте як хориҷӣ рэпсароеро миёни куҳҳои баланд меёбад ва мебинад, ки мусиқии ӯ дар сатҳи ҷаҳонӣ аст, ин қадри бештаре дорад”, - бовар дорад Амир.

Бобати зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Русия Амир мегӯяд, аз солҳои пеш дида дар масъалаи дарёфти кор ва буду бош имрӯзҳо қавонини Русия сангинтар шудааст, ки фаъолияти муҳоҷиронро низ вазнин мекунад.

"Солҳои пеш ман дар як сол бар ивази 25 ҳазор рубли русӣ  иҷозатноми кор мегирифтам ва як сол бо ин аснод озодона фаъолият мекардам. Имрӯз ман ҳар моҳ ҳаққи патентро 5350 рубл месупорам ва боз ҳар се моҳ худро бар ивази қариб 4000 рубли русӣ ба қайд мегирам. Музди миёнаи муҳоҷирони Маскав 25-30 ҳазор рубли русӣ аст. Агар сарфиёт барои иҷораю хӯроку нақлиётро ба назар гирем, ба муҳоҷир дар як моҳ 3 ҳазор боқӣ мемонад, кӣ чизе нест, - гила дорад Амир.

Ӯ меафзояд, ки аз ҷониби дигар, Русия ягона кишварест, ки "моро паноҳ медиҳад".

"Тасаввур намекунам, агар Русия намебуд мардум куҷо мерафтанд".

Шухрат Сайнаков, солист группы Равшандилони Рушон, концерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шуҳрат Сайнаков дар бораи ташкили гурӯҳ, гурезагӣ, танзими тӯйҳо ва овозхонони қалбакӣ

Даромад аз фурӯши оҳангу матни суруд

Амир орзу дорад рӯзе маркази продюсерии худро ташкил кунад. Имрӯз ӯ хонаводаи худро аз ҳисоби фаъолияти ҳунариаш таъмин мекунад. Дар тӯйҳо ҳунарнамоӣ мнамекунад.

"Ман матн менависам, оҳанг меофарам, оранжировка мекунам. Насиб бошад дар оянда як маркази бузурги продюсерӣ ташкил хоҳам кард", - орзу дорад Амир.

Феълан Амир барои рэпсарои ҷавон – Некӣ, ки муқими Маскав аст, матн ва оҳанг меофарад.

То имрӯз консертҳои Амир Мамадамбаров дар шаҳрҳои Хоруғ, Душанбе, Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург барпо шудааст.

Ӯ миёни дигар миллатҳо аз қабили қирғизҳову қазоқҳо ва русҳо низ мухлисони зиёд дорад. Мегӯяд ният дорад рэпҳояшро ба чанд забон: тоҷикӣ, забонҳои помирӣ ва русӣ бештар бисарояд.

Бунёди хайриявии Амир

Амир аз дер боз ба корҳои хайриявӣ машғул аст.

"Дақиқан гуфта наметавонам, вале эҳтимолан 16-умин консерти хайриявиям бошад. Ман орзу дорам як бунёди хайриявии худро дошта бошам. Ҳамакнун ман танҳо номашро интихоб кардаам - "Rost Izor" яъне "комилан рост". Фикр мекунам беҳтар мешавад, вақте аз номи ширкате хайр мекунӣ на аз номи худ".

Амир мехоҳад бунёдашро қонунӣ сабти ном кунад ва бо ҷалби бештари сармояю ҳунармандони саховатманд ба ниёзмандон кумак намояд.

Ҳамсарашро дар интернет ёфт

Дар бораи ошноӣ бо ҳамсараш Амир гуфт, пештар ҳам ӯро мешинохт.

"Мо дар интернет ошно шудем. Ин асри 21 аст", - мегӯяд бо табассум Амир.

Амир Мамадамбаров кист?

Амир Мамадамбаров 1 сентябри соли 1994 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ба дунё омадааст.

Мактаби рақами 11 шаҳри Хоруғро хатм карда барои идомаи таҳсил ба шаҳри Бишкек рафт.

Вале, дарк кард, ик намехоҳад дар соҳаи алоқа кору фаъолият кунад, дар ҳамин ҳол соли 2012 ба Маскав омаду ин ҷо қарори муҳими худ – машғул будан бо мусиқиро интихоб кард.

То имрӯз Амир дар чандин шаҳрҳои Тоҷикистону Русия консерт баргузор кардааст. Ӯ орзу дорад маркази продюсерии худро ташкил кунад.

Амир оиладор ва соҳиби як духтарча мебошад.

Лентаи хабарҳо
0