Қазоқистон баъди ҷанг дар марз: навори эксклюзивии Sputnik

Обуна шудан
Мардуми Қазоқистон баъди муноқишаи хунун ба манзилҳои вайронаву сӯхтаашон бармегарданд. Ҳукумат ваъда додааст, ки зарари молии сокинонро барқарор мекунад

Хабарнигорони Sputnik дар Қазоқистон баъди ҳодисаи хунун дар минтақаи Масанчи аз ҷойи ҳодиса навори эксклюзивӣ омода кардаанд. Дар он сокинон бо табъи хира, хонаву мошинҳои сӯхтаву вайрона ба назар мерасад.

Гуфта мешавад, бештари сокини маҳалли ҷанг тариқи мошин ё пиёда ба Қирғизистон фирор карда буданд. 9 феврал онҳо ба баргашан ба ватанашон оғоз кардаанд.

Ҳукумат ваъда додааст, ки зарари расидаро ҷуброн мекунад: хонаҳо барқарор ва ҳуҷҷатҳо аз нав дода мешаванд.

Бино бар иттилои ахир, дар пайи ҳодисаи хунун дар Масанчи 10 нафар ҳалок ва садҳо маҷрӯҳ шуданд. 50 нафар дар бемористон бистарӣ шудаву 8 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба иттиҳоми даст доштан дар ҳодиса, 47 тан боздошт шуда, бо далели бетартибии оммавӣ 25 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0