Сабти 632 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд дар Тоҷикистон тайи як сол

© CC0 / Free-PhotosДевушка смотрит в окно
Девушка смотрит в окно - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли 2019 дар ҷумҳурӣ 632 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба худкушӣ рух додааст

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, худкушиҳо ва сӯиқасд ба он дар соли 2019 назар ба соли 2018-ум 51 адад зиёд мебошад.

Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд сабаби афзоиши худкушӣ дар вилоятро шарҳ дод

“Сабабҳои худкушӣ зиёданд. Муносибати ноодилонаи байни волидайну фарзандон, майнӯшӣ, нашъамандӣ, бемориҳои рӯҳӣ ва як қатор сабабҳои дигар боис мешаванд, ки баъзе аз шаҳрвандон даст ба худкушӣ мезананд”, - хабар додааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Юсуф Раҳмон.

Чигуна Ибодуллоҳ интиҳорӣ шуд? Тире аз Душанбе ба синаи идеологияи Толибон

Ба иттилои додситони кулли Тоҷикистон, дар ин ниҳод раёсати тафтишот амал мекунад, ки ба аз ҷумла ба таҳлил, ҷамъбаст ва пешниҳодотҳои марбут ба худкушӣ машғул аст.

Юсуф Раҳмон илова намуд, ки вобаста ба ин ҳодисаҳо 51 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз он 39 парванда ба суд фиристода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0