Фавти 4 модар ҳангоми таваллуд дар ВМКБ ва ниёз ба 100 табиб

© Pixabay / Chokniti KhongchumВрач в клинике
Врач в клинике - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фарид Музаффаров, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ мегӯяд, феълан муассисаҳои табобатии вилоят, бахусус дар деҳаҳои дурдасти ноҳияҳо ба 100 корманди соҳаи тандурустӣ ниёз доранд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар ВМКБ 491 духтуру 1971 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият доранд, изҳор доштааст Музаффаров зимни нишасти хабарӣ ва афзудааст, ки муассисаҳои тиббӣ ба 100 корманди дигар ниёз доранд.

Фельдшер станции скорой медицинской помощи  - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрванди 34 солаи тоҷик пас аз фавти кӯдаки 2 моҳааш дар Русия даст ба худкушӣ зад

"Соли гузашта чор ҳодисаи фавти модар дар вилоят ба қайд гирифта шуда, сабаби асосӣ ин сари вақт муроҷиат накардан ба муассисаҳои тандурустӣ мебошад", - хабар додаст нашрияи "Ҷавонони Тоҷикистон" аз қавли сардори Раёсати тандурустии ВМКБ.

Ӯ дар робита ба ҳолатҳои пешгирӣ аз коронавирус таъкид намудаст, ки феълан дар гузаргоҳи Кулма дар сарҳади Тоҷикистону Чин ҳамаи корҳои профилактикӣ пурзӯр гашта, хоса дар ноҳияи Мурғоб ситоди доимамалкунанда аз ҳисоби мутахассисони пуртаҷрибаи вилоят фаъолият мекунанд.

Барканории се роҳбар пас аз ҳалокати 5 зан ва 29 кӯдак дар Хатлон

"Феълан 28 нафар шаҳрвандони кишвар дар ҳолати карантин қарор дошта, онҳо то давраи инкубатсионӣ дар беморхонаҳои ноҳиявӣ нигаҳдорӣ мешаванд. То ҳол мубталоёни ин вирус дар ВМКБ ба қайд гирифта нашудааст", - таъкид намудааст Музаффаров.

Буҷети соли гузаштаи раёсати тандурустии вилоят  75 миллиону 568 ҳазор сомониро ташкил додаст, ки нисбати буҷаи соли 2018 14 фоиз зиёдтар арзёбӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0