Боздошт ва ҳабси шаҳрвандони Тоҷикистон дар Литва бо 86 мошини "дуздӣ"

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пулиси Литва ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки 86 мошинро барои интиқол ба Тоҷикистон омода мекарканд, дастгир намуд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Пулиси шаҳри Мариямполеи Литва дар паии баргузории амалиёти вижа ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо 86 мошин, ки эҳтимол аст бо криминал аломақанданд, боздошт кард, хабар медиҳад Sputnik Литва бо такя ба хадамоти матбуотии Департаменти пулиси Литва.

Бино ба гузориши пулиси Литва, як мошини "Ҷип" аз ин 86 мошини мусодирашудашуда мошини дуздӣ буда, рақамҳои ташхисотии 85 мошини дигарро иваз кардаанд.

Гумонбаршудагон феълан дастгир шудаанд ва якеашон бо қарори додгоҳи Мариямполе ҳабс шудааст.

"Дар паи кофкуков беш аз 70 санади мошини эҳтимолан қалбакӣ ва дигар далелҳои кирдори ҷиноӣ ёфт шуд. Бино ба гузориши ин ниҳод, мошинҳо барои интиқол ба Тоҷикистон омода карда мешуданд", - омадааст дар хабарнома.

Пулиси Литва тасмим гирифта, ки дар паи баргузории тафтиши парванда рақамҳои аслии мошинҳоро муайян кунад ва дуздӣ будан ё набудани дигар худравҳоро ошкор намояд.

Лентаи хабарҳо
0