ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Мақомоти қудратии Тайланд низомиеро, ки дар Маркази савдо тирпарронӣ кард, нобуд намуд, изҳор дошт сардони пулиси миллии Тайланд, генерал Чактхип Чайчинда.
"Амалиёт ба анҷом расид, ҷинояткор нобуд карда шуд", - гуфт ӯ.
Чайчинда дигар ҷузъиёти амалиёти нобудсозиро ошкор накард ва танҳо афзуд, ки ба ҷои ҳодиса сарвазири кишвар меояд.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи шанбе ҷинояткор се ҳамкори худро кушта, силоҳи онҳоро аз худ кард ва ба маркази савдо ҳамла намуд.
Низомӣ ба сӯи мардум оташ кушод ва дар натиҷа 20 кас ҳалок ва беш аз 31 нафар захмӣ шуд. Пасон ҷинояткор 16 касро гаврагон гирифта дар ошёнаи чоруми маркази савдо, пинҳон шуд.
Амалиёти нобудсозии ҳамлагар 12 соат давом кард. Пеш аз амалиёти боздошт ба ҷои ҳодиса, модари ҷинояткор оварда шуд, то ӯро барои таслим шудан ба мақомот розӣ кунонад, вале натиҷа надод.
Мақомот ҳуввияти ҷинояткорро бо ёрии аксе, ки низомӣ дар шабакаҳои интернет ҷой дода буд, маълум карданд.
Бино ба маълумоти мақомот, ҷинояткор - сержанти 34-солаи қувваҳои хушкигарди Тайланд мебошад. Ӯ дар тирпарронӣ касбияти баланд доштааст.
Тибқи иттилои расмӣ дар паи ин ҳамла, 25 кас аз ҷумла як низомӣ, зимни амалиёти боздошт ба ҳалокат расид. 31 нафар ҷароҳатдор шуд, ки вазъи 10 тан аз захмиён вазнин арзёбӣ мешавад.