ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон 58 номзаде, ки бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ба вазифаи судя таъйин шуданд, дар маросими тантанавӣ савганд ёд карданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Кистанд 58 ҷавоне, ки бори нахуст ба мақоми судя таъйин шуданд?
Бино ба гузориши манбаъ, дар маросими савгандёдкунӣ масъулини Додгоҳи Олӣ ва Маркази таълимии судяҳо сухан карда, ба кадрҳои навтаъйин дар иҷрои вазифаи масъулиятнок комёбиҳо таманно намудаанд.
"Судя тақдири инсонро ҳал мекунад, аз ин рӯ бояд вазифаи муқаддасашро бошарафона, одилона ва аз рӯи виҷдон иҷро намояд. Судя вазифадор аст холисӣ ва беғаразиро риоя карда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда, адолати судиро амалӣ намояд", - таъкид шудааст дар маросим.
Манбаъ афзуда, ки ба судяҳои навтаъйин барои пурсамар гардидани фаъолияти кориашон адабиёти ҳуқуқӣ тақдим гардид.
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъйин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо ва назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.