Интернети босуръат: Бонки Ҷаҳонӣ нархи интернетро дар Тоҷикистон арзон мекунад?

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПользователь за ноутбуком. Архивное фото
Пользователь за ноутбуком. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки Ҷаҳонӣ дар чорчӯби тарҳи "Digital CASA" дастрасии мардуми навоҳии дурдасти Тоҷикистонро ба интернети босуръат таъмин хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ин масъаларо муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар доираи амалигардонии лоиҳаи "Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, дар ҳайати мутахассисони калон оид ба рушди рақамӣ Олег Петров, Влад Маноил, корманди намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Зарина Абдулалиевабаррасӣ кардааст кардааст.

Бино ба гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, ҳадафи асосии лоиҳа зиёд кардани дастрасӣ ба шабакаи Интернети босуръат дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст мебошад.

Эльдар Муртазин, ведущий аналитик Мобайл Рисёч груп - Mobile Research Group - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос Муртазин: боло бурдани нархи интернет ва алоқаи мобилӣ ба фоидаи давлат нест

Инчунин дар назар аст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ, зиёд намудани пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилу тавсеаи тиҷорат ва татбиқи ҳукумати электронӣ мусоидати фаъол менамояд.

Нуралиев аз ҳамкории судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, татбиқи лоиҳаи "Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро барои рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ намуда, барои сифатнокии лоиҳа омодагии ҳамаҷонибаи худро изҳор доштааст.

"Татбиқи лоиҳаи мазкур дар ояндаи наздик баҳри рушди иқтисодиёти кишвар, ташаккули инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироӣ дар минтақа, дастрасии молиявӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет, ба миён омадани рақобати солим ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кӯмаки ҷидди хоҳад кард", - зикр кардааст Нуралиев.

"Татбиқи ҳадафмандона ва босамари Лоиҳаи рушди алоқаи рақамӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на фақат барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақа аҳамияти муҳим дорад. Аз ин сабаб, он бояд бо назардошти хусусиятҳои хоси иқтисодиёти минтақа роҳандозӣ гардида, дар ҷараёни ташкили Маркази татбиқи лоиҳаи "Digital CASA" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи мусбати Бонки Ҷаҳонӣ дар амалисозии ҳамин гуна лоиҳаҳо дар мамлакатҳои дигар ба инобат гирифта шавад. Зеро ташкили Маркази пуриқтидори татбиқи лоиҳа имконияти назорати амалиётҳои рақамиро дар сатҳи зарурӣ фароҳам месозад,-таъкид кардааст, Ҷамолиддин Нуралиев.

Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ аз ҳамкории сатҳи олии Ҳукумати Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президент, инчунин Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Лоиҳаи рушди алоқаи рақамӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон дар самти амалигардонии лоиҳаи мазкур қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Инчунин зикр шудааст, ки Тоҷикистон барои мукаммал гаштани муҳтавои лоиҳаи мазкур ва механизми амалигардонии он корҳои зиёдро анҷом дода, дар ин самт миёни кишварҳои минтақа пешсаф ва имкониятҳои зиёдро доро аст.

 

Лентаи хабарҳо
0