ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони пулис марди 32 - сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздошт намуданд.
Ба маълумоти сарчашма, номбурда дар сӯиқасд ба ҷони ҳамсари худ гумонбар дониста мешавад.
Манбаъ меафзояд, сокини 32 - солаи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи мазкур, рӯзи 30 - юми январи соли 2020, тахминан соатҳои 19:00, дар ҳавлии истиқоматиаш бо завҷаи худ муноқиша намудаст.
Зимнан, бар асари муноқишаи оилавӣ марди хонавода бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи рости кафаси синаи ҳамсараш, зани 32-сола задааст.
Сӯиқасд ба ҷони ҳамсар дар боғи нави шаҳри Кӯлоб: сабаб рашк
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, оид ба ин ходиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.