Сомонпаҳлавон рақиби навбатияшро низ мағлуб кард ва ба даври чорум роҳ ёфт

© International Judo FederationТаджикский спортсмен Сомон Махмадбеков
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки феълан дар Порис қарор дорад ва дар мусобиқаи "Paris Grand Slam 2020" Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад, рақиби навбатии худро низ шикаст дод ва акнун дар даври чаҳорум қувваи бозуяшро нишон медиҳад

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ба ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков муяссар гардид, ки рақиби навбатии худро низ шикаст диҳад ва ба даври чорум роҳ ёбад.

Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон
Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Порис муайян ва имрӯз вориди майдони рақобат мешаванд

Муҳорибаи Сомон ва Беҳрӯз ҷудокорони муваффақи тоҷик имрӯз дар Порис дар ҷараёни мусобиқаи "Paris Grand Slam 2020" шурӯъ гардид ва ҳар ду варзишгар ба шикаст додани рақибони худ ноил гардиданд.

Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал бо ҷудочии кишвари Португалия – Хорхе Фернандес қувва меозмоид, тавонист ҳарифашро шикаст диҳад.

Зимнан, Сомонпаҳлавон барои роҳ ёфтан ба даври дуюми мусобиқаи мазкур  аз сари роҳаш намояндаи кишвари Белгия – Ван Тихел Дикро дур кард.

Сомон Маҳмадбеков беҳтарин варзишгари ҷавон дар соли 2019 эълон шуд

Даври саввуми мусобиқаи мазкур барои Сомон бобарор буд ва ӯ тавонист ҷудочии  Черногория – Никола Гардасевичро мағлуб кард.

Ҳамин тавр, Маҳмадбеков дар даври чорум бо Моҳелддин Муҳаммади мисрӣ дидор анҷом медиҳад.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар "Paris Grand Slam 2020" беш аз 800 нафар варзишгарон аз 122 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.

Бояд зикр кард, ки ширкаткунандагони "Paris Grand Slam 2020", инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Гӯштигирони тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд.

Лентаи хабарҳо
0