Ба сокинони Ботканд дар бораи табодули замин гуфтанд

© Sputnik / Эмиль СадыровМанзил дар марз бо Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Манзил дар марз бо Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳҳои топографии ду кишвар бояд то 1 марти соли равон дар масъалаи табодули замин қарори ниҳоӣ бароранд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Гурӯҳҳои топографӣ бо сокинони наздимарзии ду кишвар дар масъалаи табодули замин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтугӯ мекунанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон.

Сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов ваъда кардааст, ки ин масъала ба нафъи давлат ҳал хоҳад шуд.

Чуноне ба боткандиён фаҳмонидаанд, тубодули замин дар ду минтақа - Аркаста (наздикии ҷамоати Кок Тош) ва минтақае дар наздикии деҳаи Самарқандак, ки шартан чунин ном дорад, идома дорад.

Сокинони маҳаллӣ пешниҳодоти худро оиди табодули замин ироа кардаанд.

Манбаъ афзуда, ки чанде пас вариатнҳои табодули замин ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.

Пештар кишвардорони ҶТ ва ҶҚ тариқи суҳбати телефонӣ масъалаи марзиро баррасӣ карданд. Гурӯҳҳои топографии ду кишвар бояд то 1 марти соли равон дар масъалаи табодули замин қарори ниҳоӣ бароранд.

Бино ба иттилои расмӣ, соли 2019 дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон 14 муноқишаю тирандозӣ иттифоқ афтодааст, ки 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистонро кушта ва зиёда аз 60 нафарро захмӣ ба ҷой гузоштааст.

Лентаи хабарҳо
0