ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба таъмини иҷрои Фармони президент “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон дар солҳои 2013 - 2020” ҷаласа баргузор кард.
Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, таҳлили вазъи иҷрои бандҳои Стратегия дар соли 2019 ва моҳи январи соли 2020 аз он шаҳодат медиҳад, ки аз 16 банде, ки муҳлати иҷрояшон то имрӯз муайян гардидааст, фаъолият дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол, Ашт, Мастчоҳ, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов ғайриқаноатбахш аст.
Давоми ҳафтаи сипаришуда аз кормандони масъули Мақомоти вилоят ва Раёсати Агентии мубориза бо фасод дар вилояти Суғд фаъолияти шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Конибодом, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуровро дар самти таъмини иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия санҷиданд.
"Санҷишҳо собит намудаанд, ки фаъолияти шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов дар ин самт ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудааст.Зеро аз 16 банди нақшаи чорабиниҳое, ки дар соли 2019 бояд мавриди иҷро қарор мегирифтанд, нисбат ба иҷрои ягон банд корбарӣ ба роҳ монда нашудааст".
Раҷаббой Аҳмадзода бобати иҷрои саривақтии бандҳои Стратегия дастур дода, масъулин, аз ҷумла раисони шаҳру ноҳияҳо ва Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро вазифадор намудааст, ки камбудиву норасоиҳои мавҷударо фавран бартараф намуда, нисбат ба шахсони масъуле, ки дар самти таъмини иҷрои Стратегия ба саҳлангорӣ роҳ додаанд, чораҳои интизомиро татбиқ намоянд.
Таҳлили вазъи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят собит намуда, ки дар соли 2019 дар миқёси вилоят 505 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Теъдоди ҷиноятҳои содиргардида дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 124 ҷиноят, Панҷакент 74, Бобоҷон Ғафуров 54, Ҷаббор Расулов 45, Ашт 29, Истаравшан 27, Спитамен 21 ва Деваштич 20 ҷиноятро дарбар мегирад.
Маълумоти оморӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ҳудуди вилояти Суғд дар даври ҳисоботӣ ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони соҳаи тандурустӣ, Вазорати маориф, сохторҳои бонкӣ, кумитаи идораи замин ва сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гаштааст.