ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тоҷикистон бо ду кишвари арабии дигар, Қатар ва Уммон парвозҳо ба роҳ монданист. Дар ин бора, директори Агентии авиатсияи граждании кишвар Икром Субҳонзода дар рафти нишасти хабарӣ гузориш дод.
Субҳонзода афзуд, ки бо мақсади ифтитоҳи роҳҳои нави ҳавоӣ соли гузашта бо мақомоти ҳавопаймоии мулкии давлатҳои Русия, Қазоқистон, Гурҷистон ва Фаронса низ гуфтушунидҳо доир гардиданд. Дар онҳо масъалаҳои мубрами тақвияти ҳамкорӣ дар бахши ҳавопаймоӣ матраҳ шуданд.
Парвозҳо байни Тоҷикистону Чин қатъ шуданд
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки алҳол лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Финландия, Фаронса, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Молдова, Аморати Муттаҳидаи Араб, Салтанати Уммон, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.