ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар даври ҷамъбастии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футзал – “SAT International Futsal Championship 2020”, ки дар Тайланд ҷараён дорад, мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Малайзия бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард, хабар додаст Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ афзуд, 3 голро Умед Кузиев, як голи дигарро Иқбол Воситзода ба номашон сабт карданд.
"Дар се даври қаблии “SAT International Futsal Championship 2020” шогирдони тоҷикистонии мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе аз дастаҳои мунтахаби Эрон бо ҳисоби 2:3, дастаи дуюми Тайланд - 2:4 ва дастаи якуми Тайланд - 0:2 мағлуб гардида буданд", - омадааст дар иттилоия.
Мусобиқаи олимпии бокс аз Чин ба Урдун мунтақил шуд
Ба иттилои Кумита, бо ин нишондиҳанда мунтахаби футзали Тоҷикистон бозиҳояшро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тайланд анҷом дод.
Ин ниҳод афзуд, ки 9 феврал футболбозони Тоҷикистон ба шаҳри Даммом сафар мекунанд ва бо мунтахабҳои футзали Арабистони Саудӣ, рӯзи 12 феврал ва Қувайт рӯзи 13 феврал ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.