Ҷопон дар Хуҷанд барои кӯдакони имконияташон маҳдуд маркази махсус месозад

© Sputnik / Стас ЭтвешНадпись в центре города Худжанд "Я люблю Худжанд", архивное фото
Надпись в центре города Худжанд Я люблю Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созишномаҳои дахлдорро дар бораи сохтмони Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдудро дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки ва раиси шаҳри Хуҷанд ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ахиран дар қароргоҳи Cафири Ҷопон дар Тоҷикистон панҷ лоиҳаи созишномаи муштараки нави грантӣ ба маблағи умумии 370 ҳазор доллар ба имзо расиданд.

Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷопон ба Маркази тиббии "Шифобахш" таҷҳизот мехарад

“Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо ба тасвиб расиданд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) панҷ лоиҳаи зайл маблағгузорӣ мешаванд:

  • “Лоиҳаи сохтмони Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Хуҷанд” ба маблағи 88,515 доллар;
  • “Лоиҳаи барқарорсозии системаи хати обӣ дар ҷамоати Лоиқ Шералӣ”-и шаҳри Панҷакент ба маблағи 90,846 доллар;
  • “Лоиҳаи сохтмони бино барои шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона дар беморхонаи марказии ноҳияи Сангвор” бо маблағи 90,802 доллар;
  • “Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои беморхонаи сироятӣ дар шаҳри Душанбе” ба маблағи 89,820 доллар;
  • “Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизот барои Маркази хизматрасонии калонсолон ва маъюбон дар шаҳри Истаравшан” ба маблағи 10,052 доллар.

Дар маросими баимзорасии созишномаҳо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки зикр кард, ки лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Ҷопон дар самтҳои мухталиф дар саросари ҷумҳурӣ амалӣ гашта, дар рушди устувори  Тоҷикистон саҳми назарраси худро мегузоранд.

Ҳамчунин вай қайд кард, ки лоиҳаҳои мазкур, бахусус, барои аҳолии минтақаҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоранд.

Лентаи хабарҳо
0