Дари зиндонҳо ҳамоно ба "Салиби сурх" баста мемонад

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкМеждународный комитет Красного Креста
Международный комитет Красного Креста  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири адлияи Тоҷикистон зимни нишастӣ матбуотӣ гуфт қонун ҷумҳурӣ барои озодона воридшудани ташкилотҳои байналмилалӣ ба муассисаҳои ислоҳии кишвар пешбинӣ накардааст

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ба гуфтаи Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, ворид шудани намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “Салиби сурх” ба муассисаҳои ислоҳӣ тибқи тартиби муайяншуда сурат мегирад.

Министр юстиции Таджикистана Рустами Шохмурод - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Шоҳмурод: дар Тоҷикистон зиндонҳои замонавӣ месозанд

Вай афзуд, созмони байналмилалии “Салиби сурх” борҳо ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат намудааст, ки ба намояндагонаш иҷозат диҳанд, бидуни ҳамроҳӣ ба зиндонҳои Тоҷикистон ворид шаванд.

Вазири адлия: шумори дақиқи афвшудагонро дар соли гузашта эълон кард

“Яке аз талаботи созмони байналмилалии “Салиби сурх” ин бидуни  ҳамроҳӣ ворид шудан ба муассисаи ислоҳӣ аст. Онҳо борҳо ба мақомоти кишвар пешниҳод карда буданд.  Аммо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, дар кадом ҳолат ва киҳо метавонанд ба зиндонҳои кишвар  ворид шаванд. Муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон режими худро доранд”, - қайд кард Рустам Шоҳмурод.

Ҳамзамон вазири адлияи илова кард, ки дар аксари кишварҳо озодона ворид шудан ба муассисаҳои ислоҳӣ ба хотири нигоҳ доштани низом иҷозат дода нашудааст.

Министр юстиции Таджикистана Рустами Шохмурод - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати адлия: Дар Тоҷикистон зиндонии сиёсӣ нест

Дар ҳамин ҳол, Рустам Шоҳмурод гуфт, дар кадом ҳолат намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ метавонанд аз муассисаҳои ислоҳӣ дидан кунанд.

Вай гуфт, ба шахсон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳолатҳои пешниҳод намудани санадҳои расмӣ, аз ҷумла тавассути адвакатҳо ва дигар шахсоне, ки вазорати адлия ба онҳо иҷозат додааст бо тартиби муайянкардаи мақомоти муассисаи ислоҳӣ, иҷозат дода мешавад аз зиндонҳои кишвар дидан кунанд.  

“Мо як институт ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дорем, ки дар он намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ шомил ҳастанд. Таҳти роҳбарии ин мақом, як гурӯҳи доимамалкунанда ҳаст, ки мунтазам аз муассисаҳои ислоҳӣ хабар мегиранд ва аз ҳолати нигоҳубини маҳбусон дидан мекунанд”,- таъкид дошт вазири адлияи Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0