Ширкати 5 паҳлавони тоҷик дар сабқати номии "Paris Grand Slam 2020"

© Международная федерация дзюдоТаджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления
Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мусобиқаи "Paris Grand Slam 2020" иштироки 740 нафар варзишгар аз 121 кишвари панҷ қитъаи дунё дар назар аст

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо "Paris Grand Slam 2020" иштирок мекунанд, гузориш медиҳад "Ховар".

Сабқат 8-9  феврал дар шаҳри Париж доир мегардад.

"Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил аст, ки дар сабқати мардон иштирок мекунанд. Инҳо  Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков- ҳарду дар вазни то 73 кг, Акмал Муродов дар вазни то  81 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то  90 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кг мебошанд", - менависад манбаъ.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дзюдокорони тоҷик дар Гран Прии Тел Авив ширкат мекунанд

Дар мусобиқаи  "Paris Grand Slam 2020" иштироки 740 нафар варзишгар (446 мард ва 294 зан) аз 121 кишвари панҷ қитъаи дунё дар назар аст. Ширкаткунандагони мусобиқаи "aris Grand Slam 2020" инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд.

Бояд зикр кард, ки  паҳлавонони  тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд.

Пештар варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гран Прии Тел Авив, ки 23-25 январ баргузор шуд, аз медалҳо бенасиб монданд. Танҳо натиҷаи беҳтарро миёни 7 дзюудочии кишвар Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 73 кило нишон дод.

Бори нахуст 4 варзишгари тоҷик ба Федератсияи байналмилалии дзюдо роҳхат гирифтанд

 Хоҷазода дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Русия Евгений Прокопчук, дар даври сеюм бар варзишгари Қазоқистон Жансай Смагулов дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Словения Мартин Ҳойак, ки медали биринҷӣ ба даст овард ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари Швейтсария Нилс Стамп, ки низ соҳиби ҷои сеюм гашт, мағлуб шуд ва ҷои ҳафтумро ишғол кард.

Дар вазни -73 кило варзишгари дигар Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд, пас аз пирӯзӣ бар Александру Райсуи руминиягӣ, дар даври сеюм аз намояндаи Итолиё, Ҷованнӣ Эспосито шикаст хӯрд.

Акмал Муродов низ дар вазни -81кило дар даври аввал бар варзишгари Эстония Кристиан Тонисте пирӯз, аммо дар даври дуюм аз намояндаи Руссия Турпал Тепкаев мағлуб гардид. Давлаталӣ Назаралиев (-60кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) дар даври аввал қувваозмоиро бохтанд. 

Лентаи хабарҳо
0