Садҳо ҳазор нафар бар асари ҷангу даргирӣ дар Афғонистон овора шуданд

© Sputnik / В. Киселев / Гузариш ба медиабонкАфганские женщины, архивное фото
Афганские женщины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури муҳоҷирони Афғонистон эълом кард, ҳудуди 600 ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар дар як соли ахир бар асари ҷангу даргирӣ овора шудаанд

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Parstoday”, Сайид Ҳусайн Оламии Балхӣ дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, аз маҷмӯи оворагони ҷангу даргирӣ дар Афғонистон, 95 ҳазор хонавода ба кумак ниёз доранд.

Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Куштан намехоҳам: Трамп гуфт, ки ҳарчи зудтар ба ҷанги Афғонистон хотима бахшиданист

Сафири нави Афғонистон – дучархароне аз роҳҳои Ромиту Хоҷа Обигарм

Вазири умури муҳоҷирони Афғонистон афзуд, оворагони афғон маъмулан дар чодарҳо, хонаҳои махруба ва нимакора дар сармои замистон зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Оламии Балхӣ, дар панҷ соли гузашта чаҳор миллион овораи афғон ба кишварашон бозгаштаанд ва чаҳор миллион нафари дигар ҳам аз манотиқи маскунии худ ба далоили мухталиф овора шудаанд, ки бештари онҳо осебпазир ҳастанд.

Афзоиши 50 баробарии кишти маводи мухаддир дар Афғонистон

Ҳузури низомии Амрико аз соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм дар Афғонистон боиси афзоиши ноамнӣ, ҷанг ва овора шудани шумори зиёде аз мардуми ин кишвар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0