Русия дархости Тоҷикистонро пазируфт: 58 донишҷӯи тоҷик аз Ухан бармегарданд

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкБортпроводницы рейса авиакомпании S7, прибывшего из Пекина, в аэропорту Толмачево (Новосибирск)
Бортпроводницы рейса авиакомпании S7, прибывшего из Пекина, в аэропорту Толмачево (Новосибирск) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия ба дархости мақомоти Тоҷикистон бобати интиқол додани 58 донишҷӯи тоҷик аз шаҳри Ухан посухи мусбат дод

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ҳукумати Русия ба мақомоти Тоҷикистон ваъда додаст, ки пас аз ду ҳафта, аснои даври навбатии интиқоли шаҳрвандони рус аз шаҳри Ухани Чин, донишҷӯёни тоҷикро низ берун меорад, хабар медиҳад  "Коммерсант".

Вспышка коронавируса в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши шумори қурбониёни вируси "тоҷдор”: то имрӯз 425 нафар фавтид

Қаблан, ҷониби Тоҷикистон аз ҳукумати Русия дархост намуда буд, ки дар баргардондани 58 донишҷӯи дар шаҳри Ухан дармонда, мусоидат намояд. 

Барои пешгирии вируси “тоҷдор” кумак кунед: дархости Тоҷикистон аз Русия

Зимнан, сафири фавқулодаи Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов низ афзуд, ки ба Вазорати умури дохилии  Русия бобати интиқол додани донишҷӯёни тоҷик муроҷиат намуд ва посухи мусбат гирифт.

Қобили зикр аст, ки донишҷӯёни тоҷикро сарфи назар аз дархост, дар ду парвози аввал аз Чин берун наоварданд ва аслан шаҳрвандони рус ва якчанд давлатҳои дигарро интиқол доданд.

Кӯршабпарак маншаи эҳтимолии вируси тоҷдор эълом шуд

Ёдовар мешавем, ки Чин феълан дар иҳотаи маризии сироятии "вируси тоҷдор" қарор дорад ва то ҳол  бар асари ин маризӣ беш аз 500 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Чанде пеш, Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки 301 нафаре, ки аз миёнаҳои моҳи январ то имрӯз аз Чин ба Тоҷикистон омадаанд, дар беморхонаҳои сироятии кишвар бистарӣ гардида, таҳти назорати бевоситаи табибон қарор доранд.

Бино ба гузориши ин ниҳод, нафарони бистаришуда асосан донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ мебошанд.

"Ин нафарон дар беморхонаҳои сироятии шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи пойтахт давоми 14 рӯз бистарӣ гардида, дар ин муддат бо касе дар иртибот нахоҳанд  шуд ва  дар ҳолати ошкор гардидани коронавирус шахси сироятёфта ба ҳуҷраҳои махсус интиқол дода хоҳад шуд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин сару садоҳо дар мавриди сироят будани бистаришудагон бо коронавирусро бепоя хонда мегӯяд, шахсони аз Чин ба Тоҷикистон воридшуда, танҳо бо мақсади пешгирии сирояти эҳтимолии коронавирус дар кишвар дар беморхонаҳо нигоҳдорӣ мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0