ДУШАНБЕ, 6фев - Sputnik. Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ соли гузашта дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои Тоҷикистон 141 нафар ғарқ шуданд.
Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода ба хабарнигорон иброз намуд.
Ба қавли Назарзода, ҳарчанд аз ҷониби кормандони Кумитаи мазкур миёни аҳолӣ таблиғоти зиёд роҳандозӣ мешавад, боз ҳам, мутаассифона, дар иншооти обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд.
Дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ соли гузашта дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои мамлакат 141 нафар ғарқ шуданд, ки соли 2018 ин рақам ба 140 нафар баробар буд. Соли гузашта наҷотдиҳандагони Кумита 51 нафарро ҳангоми ғарқ шудан наҷот доданд.
Тибқи иттилои расмӣ, соли 2019 дар қаламрави Тоҷикистон 680 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 46 ҳодиса ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари моддӣ ва маънавӣ расондааст.
"Аз 46 офати табиӣ – 24 ҳодиса сел, 8 лағзиши тарма, 5 резиши санг, 2 шамоли сахт, 2 ярч, 1 раъду барқ, 1 болоравии сатҳи об дар рӯдхонаро ташкил медод", - гуфт раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Тибқи иттилои расмӣ, дар натиҷаи офатҳои табиӣ 22 сокини кишвар ба ҳалокат расида, ба фармони ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои фавқулода ба ҳамаи 22 оилаи ҳалокшуда кӯмаки якбора ба маблағи 22 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.