Арзиши рубл дар Тоҷикистон боло рафт

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агар рӯзе пеш Бонки миллӣ арзиши рублро нисбат ба сомонӣ аз 0.1528 то 0.1530 сомонӣ муайян карда бошад, имрӯз элон кард, ки он аз 0.1540 то 0.1545 сомонӣ фурӯхта мешавад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи асъори хориҷиро дар бозори нақду ғайринақдии кишвар эълон кардааст.
Қурби миёнаи фурӯши як рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон боло рафтааст., Агар рӯзе пеш Бонки миллӣ арзиши рублро нисбат ба сомонӣ аз 0.1528 то 0.1530 сомонӣ муайян карда бошад, имрӯз элон кард, ки он аз 0.1540 то 0.1545 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Банкноты номиналом 1000, 2000 и 5000 рублей - Sputnik Тоҷикистон
Қурби асъори хориҷӣ дар бозори нақду ғайринақдии Тоҷикистон : рубл каме боло рафт
Ба иттилои манбаъ, нишондоди миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА  аз 9.6929 то 9.7000 сомонӣ ва 1 евро муодили 10.6787 то 10.8000 сомонӣ шудааст.

Дар қурби расмӣ дар бозори ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон афзудааст, ки имрӯз  доллари ИМА - 9.6929 сомонӣ, 1 евро - 10.6787 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.154 0сомониро ташкил медиҳад.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз дафтарҳои асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Лентаи хабарҳо
0