Абхазистон вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламрави кишвараш маҳдуд кард

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкПограничный пункт "Ингур" в Гальском районе Абхазии
Пограничный пункт Ингур в Гальском районе Абхазии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита ба хуруҷи бемории сироятии "вируси тоҷдор", Абхазистон вуруди шаҳрвандони як қатор кишварҳои ҳамсарҳад бо Чинро, қатъ кардааст

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ин маҳдудият сар аз 4 - уми феврали соли ҷорӣ ба ҳукми қонунӣ даромад. Ба иттилои  Sputnik Абхазистон аз 4- уми феврал дар гузаргоҳҳои "Псоу" ва "Ингур" тағйирот ворид гардида, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави ин кишвар маҳдуд шудааст.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Барои пешгирии вируси “тоҷдор” кумак кунед: дархости Тоҷикистон аз Русия
Ба гуфтаи роҳбари Хадамоти муҳоҷират Андрей Бобуа, ин маҳдудият ба шаҳрвандони кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Қирғизистон рабт дорад.

Зимнан, роҳбари хадамот афзудаст, ки "ҳарчанд ба Абхазистон муҳоҷирон аз Арманиятон ва кишварҳои Африқои Ҷанубӣ ҳам ворид мешаванд, вале шаҳрвандони ин кишварҳоро дар феҳрасти мамнӯъулвуруд шомил накардем".

Кӯршабпарак маншаи эҳтимолии вируси тоҷдор эълом шуд

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон феълан бурузи ин маризӣ сабт нагардидаст, ва ҷорӣ шудани чунин маҳдудият дар қиболи шаҳрвандони ин се кишвар бисёр аҷиб аст.

Эҳтимол, пиёда гардидани маҳдудияти вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон, танҳо ба хотири ҳаммарз будан бо давлати Чин, гирифта шудаст.

Таъйиди марги нахустин қурбонии вируси "тоҷдор" берун аз Чин

Гуфта мешавад, маҳдудият то замоне, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар робита ба бемории "вируси тоҷдор" вазъи фавқулодаро лағв накунад, идома хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0