Нахустин лоиҳаи таълимии SputnikPro барои рӯзноманигорон дар Тоҷикистон доир мешавад

© © SputnikПросветительский модуль SputnikPro
Просветительский модуль SputnikPro - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лоиҳаи байналмилалии омӯзишӣ- SputnikPro, ки бо ибтикори хабаругзории байналмилалии Sputnik идома дорад, ба қарибӣ дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Хабаргузории байналмилалии Sputnik бори нахуст дар Тоҷикистон лоиҳаи таълимии ройгон SputnikPro-ро барои рӯзноманигорон роҳандозӣ мекунад.

Ин давраи лоиҳаи таълимӣ бо дастгирии сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзҳои 6-7 феврал доир гашта, дар он устодони ботаҷриба Лосева Н.Л, муовини сардабири хабаргузории “Россия сегодня”, Рудитсер А.И, роҳбари Маркази ВАО-и навин ва Петухова Е.В, роҳбари шуъбаи ин марказ ба рӯзноманигорони тоҷик дарс хоҳанд гуфт.

Дар рӯзи аввали лоиҳаи таълимӣ се мавзӯи асосӣ баррасӣ мешавад. Устодон нахуст ба рӯзноманигорон дар бораи тамоюлҳои ВАО ва рушди воқеоти виртуалӣ (Virtual reality, VR) ва воқеоти изофӣ (Augmented reality, AR) хоҳанд гуфт.

Ҳамчунин устодон дар бораи рӯзноманигории варзишӣ ва роҳҳои ҷалби хонандаро ба ин бахши хабарӣ мегӯянд, ки ин нахустин таваҷҷуҳи хос ба ин самт аст.

© © SputnikБарномаи омӯзиши ройгони SputnikPro
Нахустин лоиҳаи таълимии SputnikPro барои рӯзноманигорон дар Тоҷикистон доир мешавад - Sputnik Тоҷикистон
Барномаи омӯзиши ройгони SputnikPro

Дар охири рӯз устодон ба ҳамкасбони тоҷик дар бораи longread ва сирри ҷалби хонандаро ба матлаб хоҳанд гуфт.

Дар рӯзи лоиҳаи таълимӣ бошад, сухангӯён Конов В.А-мушовири мудири кулли "Россия сегодня" ва Песня В.В-аксбардори ботаҷриба ва барандаи ҷоизаи World Press Photo, ба иштирокдорон дар бораи тарроҳии касбии сомона барои хабарҳо ва ҷойгирсозии маводро дар пойгоҳҳои гуногун хоҳанд гуфт. Ҳамчунин иштирокчиёнро дар ин рӯз омӯзиши аккосӣ интизор аст.

SputnikPro -ин маҷмӯи омӯзишҳои беназир, барномаҳои ҷолиб аз ҷониби беҳтарин роҳбарони ВАО-и Русия ва хориҷӣ, коршиносон ва мутахассисони пешбари оҷонсӣ барои рӯзноманигорон, котибони матбуотӣ, блогерҳо ва донишҷӯёни курсҳои болоии соҳа мебошад.

© © SputnikSputnikPro барномаи омӯзишии ройгон барои рӯзноманигорон
Нахустин лоиҳаи таълимии SputnikPro барои рӯзноманигорон дар Тоҷикистон доир мешавад - Sputnik Тоҷикистон
SputnikPro барномаи омӯзишии ройгон барои рӯзноманигорон

Лоиҳаи таълимии SputnikPro аллакай дар 22 кишвари ҷаҳон, аз Арманистон то Юнону Чин доир гашта, дар он шуруъ аз моҳи марти 2018 то ин ҷониб 3000 нафар аз 80 кишвар иштирок кардаанд.

Шумори иштирокчиён маҳдуд буда, хоҳишмандон метавонад барои иштирок аризаҳои худро ба суроғаи embassy.dushanbe@yandex.ru фиристанд. Ҳамчунин дар дархост бояд SputnikPro ишора гардад.

Ин барномаи омӯзишӣ дар "Академияи МегаФон" воқеъ дар кӯчаи Бухоро, 34 доир мегардад.

 

Лентаи хабарҳо
0