Панҷ паҳлавони тоҷик дар Порис барои роҳхатҳои олимпӣ талош мекунанд

© © Sputnik / Амир ИсаевХоджазода Бехруз, архивное фото
Ходжазода Бехруз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо - "Paris Grand Slam 2020", ки рӯзҳои 8-9-уми феврал дар шаҳри Парижи Фаронса дар назар аст, ширкат меварзанд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар шомил гардидаанд, ки дар сабқати мардон иштирок мекунанд, хабар додаст телевизиони “Варзиш”.

 Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаи зӯрозмоии паҳлавонҳои тоҷик дар Гран Прии Тел Авив

Манбаъ афзуд, ки ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков - ҳарду дар вазни зери 73 кило, Акмал Муродов, дар вазни зери 81 кило,  Комроншоҳи Устопириён, дар вазни зери 90 кило ва Шакармамад Мирмамадов, дар вазни беш аз 100 кило шомил мебошанд.

Федератсиони байналмилалии ҷудо – “IJF” хабар додаст, ки дар “Paris Grand Slam 2020” иштироки 740 варзишгар, аз ҷумла 446 мард ва 294 зан аз 121 кишвари панҷ қитъаи дунё дар назар аст.

Ширкаткунандагони “Paris Grand Slam 2020”, инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд ва куштигирони Тоҷикистон низ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд.

Лентаи хабарҳо
0