ДУШАНБЕ, 5 февр — Sputnik. Нуриддин Саид, раҳбари тозаинтихоби Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, пеш аз ҳама музди маоши кормандонашро бозбинӣ хоҳад кард.
Номбурда ин нуктаро имрӯз зимни нахустин нишасти матбуотияш дар раъси ин Кумита изҳор дошта гуфт: "Мо сахт ва фаврӣ кор хоҳем кард. Ният дорем пеш аз ҳама музди меҳнати тамоми кормандони Кумитаро дида бароем. Дар мавриди соатҳои корӣ, тибқи кодекси меҳнат аз 8 то 17 соат ҷадвали корӣ бетағйир боқӣ хоҳад монд".
Раҳбари Кумита дар посух ба суоли хабарнигорон оид ба ҷой доштани “рӯйхати сиёҳ” дар кумитаи зертобеаш гуфт, чунин фаҳмише дар Кумита то ҳол набуд ва нахоҳад буд.
"Шахсан, ман ягон "рӯйхати сиёҳ"-ро надидаам ва ба пайдо шудани он иҷозат намедиҳам. Агар шумо ҳунармандоне, ки мундариҷаи сурудҳояшон пастро дар назар дошта бошед, пас барои чунин ашхос дар телевизион ва радиои давлатӣ ҷой нест. Дар мо рӯзноманигорон, ҳайати эҷодӣ кор мекунанд, ки аз онҳо танҳо касбият талаб карда мешавад”-гуфт раҳбари кумита.
Номбурда ҳамчунин гуфт, фаъолияти кумита дар ҳолати хуб қарор дошта, ба такмил низ каме ниёз дорад.
Нуриддин Саид, ки аз соли 2012-ум инҷониб дар мақоми вазири маориф кор мекард, охири моҳи гузашта тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш барканор ва раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин гардид.
Нуриддин Саид кист?
Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон забонҳои англисӣ ва русиро медонад. Ӯ оиладор ва соҳиби 5 фарзанд мебошад.
Нуриддин Саид, 25 ноябри 1956 дар деҳаи Навободи Болои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шуда, фаъолияти корияшро солҳои 1971-1973 аз сарҳисобчии бригадаи №8 колхози Ғайрати ноҳияи Данғара оғоз кардааст.
Ӯ дар солҳои 1973-1975 хонандаи мактаб – интернати давлатии ноҳияи Данғара буда, солҳои 1975-1978 аз хизмати ҳарбӣ дар сафи лашкари Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати қӯшунҳои ракетии зиддиҳавоӣ дар флоти баҳрии Баҳри Сиёҳ гузаштааст
Бар асоси ҳолномаи Нуриддин Саид, ӯ солҳои 1978-1983 донишҷӯи факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко, ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ буд.
Дар солҳои 1983-1984 ба ҳайси ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳоло Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият доштааст.
Солҳои 1984-1988 ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳоло Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буд. Дар солҳои 1988-1991 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст.
Дар солҳои 1991-1992 ассистенти кафедраи фалсафа ва ҳамзамон муовини декани факултаи педагогии Институти давлатии педагогии Бохтар буд. Дар солҳои 1991-1993 омӯзгори кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буда, соли 1993 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Проблемаи қобилият дар таърихи фалсафа (аз рӯйи материалҳои мутафаккирони Аврупои Ғарбӣ)” ҳимоя намудааст.
Солҳои 1993-2006 дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 1996-1999 докторанти ҳамин Донишгоҳ буд.
Дар соли 2001 ба унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” сазовор гардидааст. Солҳои 2006-2007 сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2008 сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз 26.01.2008 то 10.11.2008 чун ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ фаъолият намуда, дар соли 2009 рисолаи докторӣ дар мавзӯи “Таҳлили муқоисавии муаммои инсон, моҳият ва неруҳои моҳиятии он дар фалсафаи Арасту ва Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино” дифоъ намудааст.
Соли 2010 ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабул шуда, солҳои 2008-2012 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст.
Солҳои 2012-2013 вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2013 то ҳол вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2010 академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия интихоб шудааст. Дар соли 2010 профессори кафедраи фалсафаи ДМТ ва узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2017 аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Дар соли 2011 ба нишони “Шараф”, дараҷаи як сазовор гардидааст. Соҳиби Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012), унвони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2013), нишони ҷашнии “20-солагии Суди Конститутсионӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2014), медали ҷашнии “20-солагии Гвардияи миллӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015) ва медали ҷашнии “25-солагии Прокуратураи”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2017) мебошад.
Нуриддин Саид, муаллифи 91 таҳқиқоти илмӣ, аз ҷумла, 5 монография, 20 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ва беш аз 66 мақолаи илмӣ мебошад.