Гувоҳномаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба 14 мақомдори давлатии Тоҷикистон

© дафтари матбуоти Донишгоҳи Осиёи МарказӣСупоридани гувоҳинома ба хатмкунандагони Донишкадаи сиёсати давлатӣ ва идоракунии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ
Супоридани гувоҳинома ба хатмкунандагони Донишкадаи сиёсати давлатӣ ва идоракунии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишкадаи сиёсати давлатӣ ва идоракунии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ моҳи равон ба 14 корманди давлатии Тоҷикистон, ки барномаи таълимии сиёсати иқтисодиро хатм намуданд, гувоҳнома супурд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ин барномаи омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии идоракунии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, хабар додаст котиботи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ.

Мулоқот бо Шоҳзода Карим Оғохони lV  - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оқохони lV дар Фаронса

Ба иттилои манба, барномаи омӯзишии сиёсати иқтисодӣ бо ҳадафи ироа кардани маҳоратҳои нав, ки барои таҳлил дар асоси иттилооти дақиқ зарурунд, баргузор мешавад.

Таҳмина Толибӣ, намояндаи Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ин барнома хеле ҷолиб ва муфид буд.

“Таваҷҷуҳи асосӣ ба далел ва мантиқ, ки дар меҳвари сиёсати ниҳодҳои давлатӣ амалӣ ва барномарезӣ мешаванд, равона шудааст. Ман донишҳои андӯхтаамро бо ҳамкорони худ дар миён гузоштам ва дар байни мо баҳси ҷолибе рух дод”, - изҳор дошт Толибӣ.

Ин барномаи семоҳа аз 6 қисмат иборат аст ва самтҳои калидии сиёсат иқтисодӣ ба монанди умури молии давлатӣ, бозори меҳнат ва маориф, тиҷорати байналмилалӣ, хоҷагии қишлоқ, саноати истихроҷ ва рушди устуворро дар бар мегирад.

Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар водии Ғунд мактаб месозад

Дар доираи ин барнома донишомӯзон бояд дар мавриди ягон мавзӯъи мубрам, ба монанди амнияти ғизо ва ё коҳиш додани қарзи давлатӣ санади барномавиеро омода кунанд.

Дар даври омӯзишии гузашта, намояндагони Вазорати молия, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва тенологияҳои нав, Хадамоти гумрук ва Донишкадаи давлатии идоракунии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон иштирок кардаанд.

Барномаи таълимии сиёсати иқтисодӣ ҷузъе аз барномаи густурдаи таҳқиқотӣ – “Роҳ  ба фановариҳо” мебошад, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи рушди байналмилалии Канада сармоягузорӣ мешавад. Моҳи марти соли равон ин барномаи таълимӣ гуруҳи нави шунавандаҳоро фаро хоҳад гирифт.

Лентаи хабарҳо
0